27-уми декабри соли 2023 бахшида ба Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиноснома бо иштиноки муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, собиқадорони ниҳод, сардорони шуъбаву бахшҳо ва ҳайати шахсии хадамоти мазкур чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Ба ҷамъомади тантанавӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиноснома ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, қайд кард, ки “бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо – кормандони милитсия ва саъю кӯшишҳои пайвастаи вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ ба як сохтори пуриқтидор табдил ёфта, дар тамоми самтҳои фаъолияти он пешравию дастовардҳо дида мешавад.
Бояд қайд кард, ки Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ яке аз ҷузҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ҳисоб ёфта, кормандони ниҳод дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканӣ, инчунин рушду пешрафти мақомоти корҳои дохилӣ нақши босазо доранд.
Итминони комил аст, ки минбаъд низ кормандони ин ниҳод бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, оромиву осоиштагии давлату миллат, тарбияи кормандони ҷавон ва ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардидан дар самти фаъолияти худ бо масъулияти баланди касбӣ содиқона хизмат хоҳанд кард”.
Сипас, сардори ХШБ ВКД генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода баромад намуда, аввалан аз номи худ тамоми кормандони бахши шиносномавӣ, собиқадорону меҳмононро ва дар шахсияти онҳо кулли он нафаронеро, ки солҳои зиёд дар пешрафти кори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД содиқона ва сарбаландона хизмат намуданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбӣ таманно намуд.
Мавсуф зимни баромади худ аз таърихи бою рангин, марҳилаҳои рушди ин ниҳод, пешравиву дастовардҳои самтҳои фаъолият ёдовар гардида, зикр кард, ки Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ баҳри амалӣ намудани вазифаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, уҳдадориҳо оид ба назоратбарию нигоҳдорӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти шиносномавию бақайдгирӣ, баҳисобгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, назоратбарии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин барои амалӣ намудани вазифаву уҳдадориҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамоянд, таъсис дода шудааст.
Сардори ХШБ ВКД генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода дар идомаи суханронии хеш оид ба фаъолияти пурсамари бахшҳои шиносномавию бақайдгирии воҳидҳои поёнии хадамот, вохӯриву чорабиниҳои масъулини бахшҳо дар коргоҳу идораҳо, шаҳраку ҷамоатҳо бо аҳолӣ вобаста ба самти фаъолият, пешгирии қонуншиканӣ, риояи бечунучарои талаботҳои оинномаи хизматӣ, инчунин хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ва дар доираи қонун сари вақт бартараф намудани мушкилоти онҳо суханронӣ намуда, қайд кард, ки Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо мақсади тарбияи насли наврас, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии аҳолӣ бо таври мунтазам шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ ба хонандагон ва хатмкунадагон месупорад.
Инчунин, ҷиҳати беҳтар намудани шароити қабули шаҳрвандон тамоми воҳидҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо курсиҳои нишаст ва дастгоҳи оби нӯшокӣ таъмин гардида, бо кондитсионерҳо таҷҳизонида шуда, барои бемамониат воридшавии шаҳрвандон ба бинои маъмурии хадамот даромадгоҳҳои алоҳида ташкил карда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ собиқадорони соҳа полковникҳои мустаъфӣ Шарифа Усмонова ва Зумрад Абдуллозода аз фаъолияти пурсамт доштаашон дар ин ниҳод, лаҳзаҳои хотирмони хизматиашон ёдоварӣ намуда, дар муроҷиат ба ҳампешагони ҷавони худ иброз доштанд, ки “ҳамеша барои пешрафти самти фаъолият, ба даст овардани эҳтирому эътимоди мардум сидқан ва бо дилу нияти пок талош намоед. Мо – собиқадорон, омодаем ҳар он донишу таҷрибаи кории андӯхтаамонро ба шумо омӯзонему кумаки худро расонем”.
Дар идомаи чорабинии идона як қатор кормандони ҷавони ниҳоди мазкур оид ба дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти ВКД ва фароҳамсозии шароитҳои хуби корӣ изҳори андеша намуда, қайд карданд, ки “мо – кормандони ҷавони ин ниҳод, дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҳамзамон дар таҳкими волоияти қонун, пойдории давлати соҳибистиқлоламон, оромиву осоиштагӣ ва тараққиёти Ватани азизамон аз имрӯза дида дучанд саҳмгузор хоҳем буд”.
Дар қисмати дуюми чорабинии тантанавӣ сардори хадамот генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода ба як қатор кормандоне, ки бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ барои хизматҳои содиқонаву софдилона, иштироки фаъол доштанашон дар чорабиниҳо ва дар самти фаъолият ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидан бо медалҳои “Хизматҳои шоён” дараҷаҳои 1-2, “Садоқат”, “Милитсияи Тоҷикистон” ва Ифтихорномаҳои фахриву Сипосномаҳо қадрдонӣ гардидаанд, туҳфаҳоро тақдим намуд.
Р. ИЛЁСОВ,
Т. ЛАТИПОВ