27 октябри соли 2023 дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии минтақаи Бохтар ва намояндагони ширкатҳои мобилии «Tсell», «Babilon», «ZET Mobile», «АнорMobile», «Мегафон», ки дар минтақаи Бохтар фаъолият мекунанд, ҷаласаи корӣ дар атрофи мавзӯи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 207-7 аз 30.04.2016 сол «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» доир карда шуд.
Ҷаласаро муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафарзода Н.М. оид ба корҳои анҷомдодашудаи самти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 207-7 аз 30.04.2016 сол «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» суханронӣ намуда, ҳамчунин аз оид ба ҳамкориҳои байниидоравии минтақавӣ аз масъулини соҳа пурсон шуд.
Иштирокчиён аз натиҷаи амалисозии талаботи қарори мазкур, ҳамкориҳо ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 бо намунаи соли 2014 (айдикарта) ва минбаъд азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии худ, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бақайдгирӣ ва ба қайди муваққатӣ гузоштани шаҳрвандон, самти амалияи маъмурӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Х.Солеҳӣ