Рӯзи 28 октябри соли 2023 дар Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо иштироки роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷаласаи хизматӣ баргузор карда шуд.
Ҷаласаро сардари шуъбача оид ба кори шиносномавию бақайдгирии Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб подполковники милитсия Фаттозода А.А. обоз бахшида, оид ба корҳои анҷомдодаи шуъбача ва воҳидҳои он дар дав оми 10-моҳи соли 2023 ҳисобот дод.
Дар идомаи ҷаласа муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафарзода Н.М. аз рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 207-7 аз 30.04.2016 сол «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», амалияи маъмурӣ, кори шиносномадиҳӣ, суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, ҳамкориҳо бо шуъбаю бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бақайдгирӣ дар самти ба қайди муваққатӣ гузоштани шаҳрвандон ва дигар паҳлӯҳои корӣ шинос гардида, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, риояи интизоми хизматӣ, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ба самъи кормандон расонид.
Инчунин баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулин тавсияҳо дода шуданд.
Х.Солеҳӣ