23 Ноябр, 2024

Вохӯрӣ дар самти ивази симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав дар Рашт

 

Санаи 26 октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, раёсати мазкур, кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва намояндагони ширкатҳои мобилии дар минтақа фаъолияткунанда дар атрофи мавзӯи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 207-7 аз 30.04.2016 сол «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини сардор оид ба самти хизмати РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Раҷабзода Р. кушода эълон намуда, пас аз баёни мафҳуми ҷамъомад, суханро ба сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. дод.

Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. оид ба рафти иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 207-7 аз 30.04.2016 сол «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» суханронӣ намуда, аз корҳои анҷомдодаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои он дар ин самт ҳарф зад.

Қайд карда шуд, ки баҳри амалисозии талаботи қарори мазкур муҳлат кам мондааст ва масъулинро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ чорабиниҳои ташвиқотиро оид ба иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 бо намунаи соли 2014 (айдикарта) ва минбаъд азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии худ боз ҳам тақвият бахшанд.

Дар идомаи ҷаласа ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бақайдгирӣ ва ба қайди муваққатӣ гузоштани шаҳрвандон, инчунин риояи интизоми хизматӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.

Х. Солеҳӣ