20 сентябри соли 2023 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо ҳайати намояндагони Хадамоти марзбонии Ҷумҳурии Лаҳистон, таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи хадамоти мазкур генерали бригада Гжегож Неметс вохўрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн доир ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, мубодилаи таҷрибаи якдигар ва дигар паҳлўҳои фаъолияти кории қобили таваҷҷўҳ ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳои мусоид мавҷуданд ва баҳри тавсеаи он кўшишҳои якҷоя равона хоҳанд шуд.
Х. Солиҳӣ, полковники милитсия