12 сентябри соли 2023 вохўрии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Эстония баргузор гардид.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Эстони Эле Руссак мушовири Департаменти муҳоҷират ва сарҳадоти Вазорати корҳои дохилии Эстония, Яанус Кирикмяэ, мушовири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Департаменти ҳуқуқи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Маргус Коттер намояндаи Департаменти политсия ва ҳифзи сарҳадоти ин кишвар ширкат доштанд.
Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ меҳмононро барои ташрифашон хайрамақдам гуфта, доир ба заминаҳои ҳамкориҳои тарафайн суханронӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои дахлдори соҳа, аз ҷумла пешгирии муҳоҷирати ғайриқонуниро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд гардид, ки дар ин раванд лоиҳаи Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар марҳилаи омўзиш ва таҳия қарор дорад ва ҷонибҳоро зарур аст, ки дастовардҳои кишварҳои пешрафтаро омўхта, созишномаи мазкурро такмил ва барои қабули он пешниҳод намоянд.
Дар фарҷоми вохўрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои байни сохторҳои марбутаи ду кишвар баҳри рушду пешрафти соҳа боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Х. Солиҳӣ, полковники милитсия