Вобаста ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи як нафар бо номи «Бегмаҳмад», ки гӯё ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будаасту солҳои зиёд дар бахшҳои гуногун кор карда, сипас ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон берун (депортатсия) карда шудааст, чунин иттило медиҳем:
Ин нафар Аслишо Мирзогули Ҷондоршо, соли таваллудаш 12 феврали соли 1973, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таҳсилот надорад, оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад, ки тақрибан солҳои 1995-1996 аз ҶИА ҳамчун гурезаи ғайрирасмӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Номбурда, аз ҳамон вақт шиносномаи шаҳрванд Давлатов Бегмаҳмад Хурсандовичро дастрас намуда, бо роҳи сохтакорӣ соҳиби шиноснома гардидааст.
Ҳангоми санҷишу баррасӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо даст задани номбурдаро муайяну ошкор намуда, маводи ҷамъовардашуда нисбати Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ҳамчун бо ному насаби тақаллубии «Давлатов Бегмаҳмад Хурсандович» ба Прокуратураи ноҳияи Сино ирсол гардида, бо моддаи 340 (сохтакорӣ), қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2019 бо ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин гардидааст.
Баъди адои ҷазо, тахминан охирҳои соли 2020 Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ба ҶИА баргашта, бо ному насаби дигар, яъне Тоҷик Бик Моҳаммад, соли таваллудаш 24 апрели соли 1972, шиносномаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро соҳиб гашта, 9 июли соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад ва мӯҳлати раводидаш 4 феврали соли 2022 ба итмом мерасад.
1 июли соли 2022 аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД нисбати номбурда бо моддаи 499 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди огоҳӣ таъин карда шудааст.
Ӯ бо вуҷуди огоҳӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накарда, такроран талаботи қоидаҳои иқоматро дағалона вайрон мекунад, ки бо қарори Суди ноҳияи Синои ш.Душанбе аз 18 августи соли 2022, бо моддаи 499 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 960 сомонӣ, бо берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аслишо Мирзогули Ҷондоршо расман барои гирифтани иҷозати зисти доимӣ ва қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат накардааст.
https://www.vkd.tj/