22 Ноябр, 2024

Сафари Вазири корҳои дохилӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

 

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, таҳти №355/366 аз 5-уми июни соли 2023, рӯзи 28-уми августи соли 2023 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.

Дар рафти сафар санаи 29-уми август вохӯрии Раҳимзода Р.Ҳ. бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ду вазорат оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳо, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.