23 Сентябрь, 2023

Ҷамъбасти фаъолияти хизматии ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон

Санаи 19 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон фаъолияти хизматии кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мазкур дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласа, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир пас аз шинос шудан бо натиҷаи фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои он ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва оиди беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ибрози назар намуд.

Қайд карда шуд, ки новобаста ба баъзе дастоварду пешравиҳо ва корҳои ободонию созандагӣ дар фаъолияти баъзе аз хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоят камбудию норасоиҳо дида мешаванд. Санҷиши Гурўҳи кории аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ таъсисдодашуда нишон дод, ки дар ҷойҳо зимни фаъолияти корӣ, дар кори ҳуҷҷатгузорӣ, қабули шаҳрвандон ва дигар самтҳои дахлдори соҳа баъзе камбудиҳои ҷузъӣ ҷой доранд, ки бо расонидани ёрии амалӣ бартараф карда мешаванд.

Дар фарҷоми ҷаласа кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилояти Хатлон вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ба роҳбарияти Хадамот саволҳо дода, посухҳои худро гирифтанд.