Таъмини шиноснома ба 971 хонандаи мактабҳои Бадахшон

Таъмини хонандагони ба синни 16 расидаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шиносномаи шањрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷониб агар аз шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар эътироф гардидани наврас шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар василаест, ки дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, меҳри ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши калидӣ мебозад. Зеро шиносномаи миллӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ё берун аз он буда, ҳатто дар хориҷи кишвар мутобики созишномаҳои байналмилалӣ таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.

Бо назардошти муҳимияти ин масъала аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва сохторҳои поёнии он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор нақша-чорабиниҳо таҳия карда шуд.

Ҷиҳати амалинамоии он кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии милитсияи Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои хизматӣ сафарбар карда шуданд. Сипас аз рӯи тартиботи ҷорӣ расму дигар маълумотҳои тасдиқкунандаи хонандагони мактабҳо, ки синнашон аз 16 сол гузаштааст, тавассути  дастгоҳи махсуси шиносномадиҳӣ сабт карда шуданд, ки барои омода намудани шиносномаи миллӣ тартиби лозима мебошад.

​Баъди омода ва дастрас гардидани шиносномаҳо кормандони Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкинӣ байни ноболиғону ҷавонон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар гардида, шиносномаҳоро ба хонандагони мактабҳо дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Чунин иқдому ғамхориҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба насли наврасу ҷавонон дар тамоми минтақа дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид, ки хонандагон метавонанд баъди хатм барои давом додани таҳсили минбаъда дар муассисаҳои олии кишвар ва хориҷ равона шаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар 129  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ чунин чорабиниҳо гузаронида шуда, маҷмӯан 971 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ВМКБ бо шиносномаҳои нави миллӣ, яъне корти идентификатсионӣ таъмин гардиданд.

Дар ҷавоб ба чунин иқдоми милитсияи Бадахшон роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омўзгорону волидони хонандагон ба кормандони милитсия изҳори миннатдорӣ баён намуданд.