Боздид аз хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ВМКБ

Шурўъ аз 2 майи соли 2023 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо кормандони масъули Хадамот ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафари хизматӣ доир намуда, аз шароитҳои кории хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар доираи сафари хизматӣ аз тарафи роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба ин воҳидҳои поёнӣ бо назардошти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа гӯшаҳои иттилоотии нав, дастурамал, дастурҳои методӣ ва дигар лавозимоти зарурии корӣ дастрас гардонида шуд.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ва шиносоӣ аз шароитҳои корӣ ба самъи кормандони масъул талаботи қарорҳои Мушовараҳои ВКД, ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди вазири корҳои дохилӣ ва дигар дастуру супоришҳои дахлдори соҳа расонида шуда, баҳри беҳбудии кор тавсияҳо дода шуданд. Аз ҷумла доир ба тартиби баррасии муроҷиати шаҳрвандон, муомилаи хӯш бо шаҳрвандон, сари вақт таъмин намудан бо шиносномаҳо, риояи интизоми хизматӣ, тозагии ҳуҷраҳои корӣ корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида шуд.