24 Феврал, 2024

Иҷроиши уҳдадориҳо бо малакаи баланди касбӣ

Муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ, таҳсилу касбомўзӣ падидаи нав ва ё хосси як кишвари алоҳида набуда, дорои хусусияти глобалӣ мебошад ва сокинони тамоми давлатҳо ба ин раванд шомиланд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳо, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақил гаштан, ба ин масъала мувоҷеҳ шуд. Дар ин замина, баҳри идора ва назорати дурусти ин раванд, аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат тадбирҳои дурусту саривақтӣ андешида шуда, қонуну қарорҳои танзимкунанда қабул гардиданд. Инчунин, барои назорати танзими ин раванд сохторҳои алоҳида таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бахшест дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, ки фаъолияти он бевосита ба ин самт равона гардидааст. Тавре сардори шуъбаи мазкур полковники милитсия Рустам Туразода иброз дошт, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии ХШБ амру фармонҳои Сарвари давлат, қонуну қарорҳои амалкунандаи Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва Хадамоти шиносномавию бақайдгириро сармашқи кори худ намуда, баҳри риояи бечунучарои қонуният ва пешрафту самаранокии самти фаъолият пайваста талош меварзанд. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, назорати раванди вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ, будубош ва истиқомати муваққативу доимии онҳо дар ҳудуди кишвар, танзими фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, вазифа ва самти асосии кормандони шуъба ба шумор меравад. Ҳайати шахсӣ иҷроиши уҳдадориҳои базиммадоштаашонро бо донишу малакаи баланди касбӣ ба роҳ мондаанд. – Кишвари мо дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон, яке аз ҷонибҳои қабулкунандаву интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Ҳамасола ҳазорон нафар шаҳрвандони хориҷиро барои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё сайёҳату донишомўзӣ қабул менамояд. Назорату ба танзим даровардани будубош ва фаъолияти меҳнатии қонунии онҳоро бошад, дар қаламрави давлат кормандони шуъба ба уҳда доранд – мегўяд Рустам Туразода. Мавсуф илова кард, ки танҳо дар зарфи се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ, дар умум 93 корхонаву марказҳои савдо, аз ҷумла 29 иншооти сохтмониву саноатӣ, 14 меҳмонхонаву тарабхона, 33 ширкат, коргоҳҳои таъмири нақлиёт ва манзилҳои истиқоматие, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ истиқомат ва фаъолияти меҳнатии худро амалӣ менамоянд, мавриди санҷиш қарор гирифтаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта 56 маротиба амалиёти санҷишӣ гузаронида шуда буд. Ҳангоми роҳандозӣ гардидани санҷишҳои назоратии муштарак аз ҷониби кормандон беш аз 590 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мавриди пурсиш қарор гирифтанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 350 нафар зиёд мебошад. Дар баробари амалӣ намудани чорабиниҳои санҷишӣ, ҳамзамон масъулини шуъба бо шаҳрвандони хориҷие, ки дар корхонаву ташкилотҳо, иншооти сохтмониву корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои савдо, инчунин гурезаҳое, ки ба таври доимиву муваққатӣ ба фаъолияти меҳнативу будубош қарор доранд, оид ба риояи қонуният, сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ намудан, қонунӣ гардонидани будубош ва фаъолияти меҳнатии худ суҳбату вохўриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аммо боз ёфт мешаванд нафароне, ки аз беэътиноӣ ва ё сарфи назар намудан, ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Зимни баргузории амалиётҳои санҷишии муштарак 68 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла ба вайрон намудани қоидаҳои будубош, бақайдгирӣ ва ё риоя нагардидани талаботи даромаду баромад ба ҳудуди кишвар ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ роҳ додаанд. Нисбати вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қоидаҳои будубош дар қаламрави ҷумҳурӣ, бо моддаҳои 499 қисми 1 ва 470 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи қарори суд ҷаримабандӣ карда шуданд. Бояд қайд кард, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии ХШБ, дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида омўзиши китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва омўзиши пайвастаи забони англисиро ба роҳ мондаанд. Тавре дар охири суҳбат мавсуф иброз дошт: “Мо тамоми саъю кўшиши худро баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии ҷиноят, таъмини оромиву осоиштагии шаҳрвандон ва пешрафти Ватани азизамон равона намудаем”.

Раҷаббек ИЛЁСОВ