22 Ноябр, 2024

Баррасии нақшаи амалиёти минтақавии “Нелегал-2023”

 

Санаи 28 марти соли 2023 ҷаласаи Ситоди байналмилалии Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъона (СААД) доир ба амалиёти минтақавии “Нелегал-2023” дар шакли маҷозӣ (видеоконференсия) баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раисии котиби Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии СААД, сардори Сарраёсати корҳои муҳоҷирати ВКД Федератсияи Россия генерал-лейтенанти политсия Казакова В.Л. доир гардида, дар кори он намояндагони мақомоти дахлдори ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва котиботи СААД ширкат варзиданд.

Аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. ва дигар кормандони масъули Хадамот иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаи Нақшаи гузаронидани амалиёти “Нелегал”-ро барои соли 2023 дар ду марҳила мувофиқа намуда, масъалаҳои тартиби ҷойгиркунии роҳбарӣ ва идоракунии амалиёт, инчунин муайян намудани роҳҳои алоқа ва тартиби мубодилаи иттилоотро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки кишварҳои аъзои СААД дар самти мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд аз таҷрибаи пешқадами якдигар омўхта, амалиётро дар сатҳи нав бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон ва бо истифода аз технологияи муосир роҳандозӣ намоянд.

Х.Солиҳӣ