18 марти соли 2023 дар саҳни бинои дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии «Наврӯз» чорабинии идона баргузор карда шуд.
Чорабиниро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии фасли баҳор, эҳёи табиат, иди хуҷаставу фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо хушбахтию хонаободӣ, пешрафту муваффақият дар кору зиндагӣ ва файзу баракати рӯзгорро таманно намуд.
Қайд гардид, ки Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои ниёгонамон ба шумор рафта, таърихи якчанд ҳазорсола дорад. Дар тӯли садсолаҳо ин ҷашни зебои табиат дар миёни мардуми Машриқзамин бо суннатҳои ба худ хос ва шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил мегардад.
Бо талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пешниҳоди дигар кишварҳои ҳамтамаддун Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин дастоварди хеле бузург ва арзишманд мебошад.
Ҷашни Наврӯз рисолати ободкорӣ, корҳои созандагӣ ва дӯстию рафоқатро дорад. Таҷлили бошукӯҳу дастҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба муттаҳидию сарҷамъӣ меорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз – оғози рӯзи нав буда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Изҳори умед карда шуд, ки Наврӯзи оламафрӯз ба сокинони Тоҷикистон саодату сарбаландӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ ва орзуву умедҳои некро ато намуда, ба рӯзгори мардум ҳусну таровати тоза ва фаровонӣ мебахшад.
Дар идома ороишот, дастархони идона ва ҳунарҳои кадбонугии бонувон, инчунин ҳунари шеъру сурудхонии кормандон, ки ба ин чорабинӣ омодагии хуб дида буданд, баҳогузорӣ карда шуд. Ҳайати ҳакамон бо як овоз ҳама ороишот ва дастархонҳои оростаро баҳои баланд дода, барои нишон додани ҳунару маҳорат ба ҳама иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуданд.
Чорабиниро базми наврӯзӣ ва хӯроки идона ҳусни анҷом бахшид.
Х.Солиҳӣ