23 Ноябр, 2024

Чорабинии “шанбегӣ” дар оғози фасли баҳор

 

Санаи 4 марти соли 2023 бо мақсади тозагии гирду атроф, ободгардонию созандагӣ дар бинои шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чорабинии дастаҷамъонаи “шанбегӣ” ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандон дар нарм кардани бехи дарахтону буттаҳо, нигоҳубини гулҳои ороишии шинонидашуда, тоза намудани ҳудуди бинои маъмурӣ ва кӯчаҳои ҳамшафати он, инчунин ҳуҷраҳои корӣ ва иншоотҳои хизматрасонӣ саҳми худро гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳар рӯзи шанбе дар тамоми шуъбаю бахшҳои хадамоти мазкур баргузор карда мешавад.

Х. Солиҳӣ