МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

 

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Боиси зикр аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва ҳукумати кишвар қарор дошт. Маҳз дар иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ Сарвари тозаинтихобшудаи давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи занонро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои ҳалли баланд бардоштани мақоми занро таъкид сохт. Ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои Иҷлосия дар тақдири занони тоҷик марҳилаи нав оғоз гардид.

Бо саъю кушиши Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии модару кудак, таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва идоракунии давлат ба яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт ва чораҳои мушаххас андешида шуд.

Пеш аз ҳама, дар сохтори Ҳукумати ҷумҳурӣ  Бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № 37 моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ таҷрибаи аввалин буд. Ҳадаф аз таъсиси Кумита дар лаҳзаҳои вазнинтарини давлатдорӣ, ки ҷумҳурӣ ба кумаку дастгирии ҳар як сокини худ ниёз дошт, пеш аз ҳама муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи занон ҳифзи оила ва модару кӯдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ, ташкили маишату истироҳати занон иборат буд.

Ҳануз 27 декабри соли 1993 «Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занон»-ро имзо кард.

Асосҳои ҳуқуқии баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ, солимгардонии генофонди миллӣ ва мутобиқи моддаҳои 64, 69, ва 70 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба тавсиб расидани фармони Президенти мамалакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 №5 дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид сохт.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2005 №89 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»-ро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ дар ин масъала номбар кардан ҷоиз аст.

Яъне аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ дар ҷумҳурии мо нисбати занон ягон маҳдудияте вуҷуд надорад ва ҳадафи асосии сиёсати  давлатӣ аз он иборат аст, ки барои занҳо ва мардон имкониятҳои баробар дастрас бошанд.

Қабул ва дар амал татбиқ шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005 (10.09.1999, №363), «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии кишвар мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005» (19.04.2001), Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсат давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29.05.2010 №269), ва даҳҳо санадҳои дигар ба фароҳам оврадани шароити муосид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона карда шудааст.

Рӯз ба рӯз зиёд гаштани сафи занҳо дар парлумони кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, молияву бонкдорӣ шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон эътимоду боварӣ дорад ва нақши онҳо дар ҷомеа баланд буда, дар рушди давлати соҳибистиқлоламон баробари мардон саҳми босазо гузошта метавонанд.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ҳамагӣ дар тамоми 70 соли Иттиҳоди Шуравӣ дар ин кишвари пурқудрат 4 нафар зан вазифаи вазириро ба уҳда доштанд. Дар сатҳи баланди роҳбарии замони Шуравӣ 0,5% занон буданду халос. Дар Тоҷикистони Шуравӣ шумораи вазир-занон низ ангуштшумор буд. Чунончи, соли 1928 Уғулой Шамсиддинова – аввалин вазири маориф, солҳои 1950-1953 – Мунаввара Қосимова – вазири саноати сабук, солҳои 1954-1957 – вазири саноати хурокворӣ, солҳои 1960-1978 – Анзурат Раҳимова – вазири таъминоти иҷтимоии РСС Тоҷикистон, солҳои 1957-1961 – вазири сохтмон ва солҳои 1985-1990 – Гулнора Пулодова – вазири тандурустӣ кор кардаанд.

Ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ба монанди Махфират Каримова, Низорамох Зарипова, Ибодат Рахимова. Биҳоҷал Раҳимова, Гулҷаҳон Бобосдиқова, Бозгул Додхудоева, Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Қиматгул Рустамова, барои насли мо шиносу намунаи ибрат шуданд. Боиси ифтихор аст, ки Биҳоҷал Раҳимова дар замони бозсозӣ ба вазифаи муовини Сарвазири СССР интихоб гардида буд, ки мақоми баландтарини занони ин минтақа эътироф гардидааст.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия шудааст.

Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Эътимоди ҷаноби олӣ ба ин қишри ҷомеа гувоҳ аз он аст, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории онҳо дар пешрафту инкишофи ҷомеа аз мардҳо кам нест.

Масъалаи мазкур махсусан дар дини мубини ислом мавриди шарҳи муфассал қарор гирифтааст. Аввалин ва муҳимтарин далеле, ки баъзе аз муҳаққиқон нисбати фаъолияти иҷтимоию сиёсии зан ба матни Қуръони карим такя менамоянд, ояти 34-уми сураи «Нисо» мебошад.

Муҳимтарин ишораи қуръонӣ дар ин масъала таърихи подшоҳии маликаи Сабо Билқис аст. Билқис занест, ки дар мулки Сабо ҳукумат дошта бо хираду заковати худ боиси оромиш ва наҷоти он ҷомеа гаштааст. Низоми давлатдории Билқис, ки аз адлу инсоф манша мегирад дар Қуръон васф гардидааст ва ин бори дигар аз шукуҳу шаҳомати занон дар пешрафту инкишофи ҷомеа гувоҳи медиҳад.

Қуръон аз тарзи ҳукумронии ӯ бо назари мусбат хабар дода, шакли давлатдории ӯро ки бештар бо мардум машварат дошт, таъкид менамояд.

Донишманди амрикоӣ Алан Кэй мегӯяд: “Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: “Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кору кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад”.

ТАЪРИХ: Аввалин муборизаи занон барои ҳимояи ҳуқуқиашон.

8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кутоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале  музди ночиз мегирифтанд.

Мардон баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд.

Ҳарчанд барои ин кор рӯзҳои бисёр сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии «Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд.

Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд.

Дар Россия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Санкт-Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ 8-уми март иди давлатӣ гардид.

Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Конститутсияи соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд.

Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оид ба сиёсаташ нисбат ба занон ҳисобот медод.

Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун Иди бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун Рӯзи байналхалқии занон; дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Ӯзбекистон чун Рӯзи Модар; дар Арманистон 7-уми апрел чун Рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомали Раҳмон аз 6 марти соли 2009  8 март – рўзи «Модарон» ҷашн гирифта мешавад ва хар сол ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад.

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.

Барои мо – занон боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ  зикр намуданд, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ин  эътимоду боварии Пешвои миллат моро водор менамояд, ки дар атрофи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид бошем ва кишвари азизамонро ба сарзамини боз ҳам ободтар табдил диҳем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободкорӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ тарбия намоем.

Сарнозири ШШБА дар ш.Душанбе

ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

подполковники милитсия Саидзода Д.