1 марти соли 2023 вохӯрии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои будубоши шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Тоҷикистон, шароити зисту зиндагӣ, кору таҳсили гурезаҳо ва аъзоёни оилаи онҳо, кумакҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ расонидашаванда ва дигар мавзӯҳои мубрам ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки баҳри баланд бардоштани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт, сари вақт воқиф будан аз вазъи зиндагии гурезаҳо, ки аз таваҷҷӯҳ ва ҳамкориҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо ташкилоти мазкур манша мегирад, аз ҷониби Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ 2 адад воситаи нақлиёт, 4 адад дастгоҳи нусхабардор, 7 адад моноблок ва 7 адад таҷҳизоти танзимкунандаи қувваи барқ (UPS) кӯмак расонида шуд.
Ҷонибҳо изҳори бовари намуданд, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳо боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон