Вохўрӣ бо намояндагони Шўрои Норвегия оид ба гурезаҳо

 

Санаи 28 феврали соли 2023 вохӯрии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо намояндагони Шӯрои Норвегия оид ба гурезаҳо хонум Анника Хампсон ва хонум Трейси Ван Хирден баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти гурезаҳо,  пешниҳоди фикру ақидаҳо оиди ин масъала ба барномаи татбиқшавандаи ташкилот ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои Норвегия оид ба гурезаҳо лоиҳаҳои гуногунро дар 40 мамлакати дунё татбиқ менамояд, аз он ҷумла кумак намудан ба гурезаҳо, аҳолии осебпазир ва ниёзманд, шахсони беҷоймонда бо сабабҳои ҳодисаҳои табиӣ, мусиодат намудан дар ҳолатҳои фавқулодда, паст кардан ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра мебошад.