Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супориш ва фармоишҳои роҳбарияти ВКД-ро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри иҷроиши саривақтии онҳо тамоми донишу малакаи касбии худро равона намудаанд.
Раванди дурусти корбарӣ, иҷроиши саривақтии вазифаҳои хизматии кормандон дар шуъбаву воҳидҳои поёнии он таҳти назорати қатъии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир буда, шурӯъ аз дастгоҳи марказӣ то тамоми шуъбаву шуъбачаҳои шиносномавӣ бо шароити хизматӣ, муҷаҳҳаз бо техникаву таҷҳизотҳои корбарӣ ва имконияти хуби қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ҳамаи ин дастгириҳо, дар партави сиёсати сулҳофару бунёдкоронаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, кормандони ин ниҳод кӯшиш менамоянд, ки бо донишу малакаи баланди касбӣ вазифаҳои бардӯшдоштаашонро сарбаландона иҷро намоянд. Онҳо баҳри оромиву осиштагии мардум, ошкору пешгирии қонуншиканӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва боз ҳам хубтар ба роҳ мондани самти фаъолият пайваста чорабиниҳои омӯзишӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аҳолӣ бошад, суҳбату вохӯриҳои судманд мегузаронанд.
Дар ин асно, ҳафтаи сипаригардида, сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Фурқат Муродов ва масъулини шуъбаи мазкур дар ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода бо раисон, фаъолон, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар умум, бо 80 нафар сокинони 19 ҷамоати деҳот ва маҳаллаҳои ин шаҳр вохӯрӣ доир намуданд.
Нахуст, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев – Гулрухсор Турсунова гуфт, ки дар баробари дигар идораву корхонаҳои сохтори давлатӣ, ҳамкориро бо мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус кормандони бахши шиноснмадиҳӣ хуб ба роҳ мондаем. Ҳар гоҳе сокинон муроҷиат менамоянд, дар мувофиқа бо кормандони шиносномадиҳӣ ҳуҷҷати лозимаро тартиб дода, барои бартараф намудани мушкилоташон мусоидат менамоем.
Дар идомаи вохӯрӣ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода оид ба муҳтаво, муҳлат ва раванди амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ѓайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» баромад намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ аз банду тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, муҳлати иҷроиши онҳо, шароити хуби қабули шаҳрвандон дар бахшҳои шиносномадиҳӣ, хизматрасонии гурӯҳҳои сайёри шиносномадиҳӣ ба маъюбону барҷомондагон, инчунин мутобиқи қонунгузорӣ, сабукиҳои овардашуда барои шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Турсунзода майори милитсия Фурқат Муродов оид ба ҳамкориҳои хуби шаҳрвандон бо кормандони милитсия, муроҷиатҳои онҳо ҳангоми гирифтани шиноснома, ба қайд гузоштану аз қайд баровардан ва дигар самтҳои фаъолият, инчунин сари вақт гирифтани шиноснома аз ҷониби хонандагону хатмкунандагони МТМУ, ки ба синни 16 расидаанд, суханронӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки кормандони ХШБ ШВКД дар шаҳри Турсунзода дар ҳама ҳолат омодаанд дар чаҳорчӯбаи талаботи қонунгузорӣ, пас аз ҳуҷҷатгузорӣ, сари вақт ба шиносномаи сокинонро дастрас намоянд.
Дар ин вохӯрӣ, масъулини бахши шиносномавию бақайдгирии ВКД аз иштирокдорони чорабинӣ, бахусус аз фаъолони ҷомеа даъват ба амал оварда, афзуданд, ки “шиносномаи шаҳрвандӣ барои ҳар як шаҳрванде, ки аллакай 16-солагиро пур намудаанд, ҳуҷҷати аввалиндараҷа ва тасдиқкунандаи шахсият мебошад. Аз ин лиҳоз, миёни сокинони маҳаллаву ҷамоатҳои худ корбарӣ карда, дар ҳамбастагӣ мушкилоташонро бартараф менамоем”.
Раҷаббек ИЛЁСОВ