Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар доираи хизматрасониҳо ба мардум, зимни таҳияи шиноснома ба шаҳрвандони алоҳида, ки имкониятҳояшон маҳдуд, бемору маъюб мебошанд, дастгоҳҳои сайёрро сафарбар месозад.
Кормандони шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирии ХШБ дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба беморхонаҳо, хона-интернатҳои махсус ва манзили истиқоматии шахсони бемору маъюб ташриф оварда, дар ҷойҳо тавассути дастгоҳи сайёр шиноснома таҳия намуда, баъди омода шудан ба онҳо месупоранд.
Дар давраи соли 2022 ҳамагӣ 74 нафар ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 4 аризаи шаҳрвандон ворид гардида, сари вақт баррасӣ карда шуданд.
ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон