23 январи соли 2023 сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. дар доираи лоиҳаи марбутаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) оид ба рушд ва ҳамкорӣ бо коршиноси байналмилалӣ дар самти IT Юрий Чумак вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин менеҷери байналмилалӣ дар лоиҳаи Барномаи рушди СММ Филипо Карусо, менеҷери миллии лоиҳаи Барномаи рушди СММ Зулфиқор Замонов ва кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иштирок доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти технологияи иттилоотӣ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҳамкориҳо дар рушди низоми иттилоотӣ мусоидат хоҳад намуд.
ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон