28 Январ, 2023

Ҷаласаи Шурои занони ХШБ

 

Санаи 19 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷаласаи нахустини Шурои занони хадамоти мазкур дар соли 2023 доир гардид, ки дар он масъалаҳои тартиб додани нақшаю барномаҳои корӣ, муайян ва пешбарӣ намудани корманд-занони лаёқатманд ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии дар пешистода, ҷалби бештари онҳо дар чорабиниҳои коллективӣ ва дигар мавзўҳои марбута мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласаро муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси Шурои занони ХШБ, подполковники милитсия Раҳмонализода Раҷабмоҳ Файзалӣ оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтарон дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ гардидааст. Ҷалби бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш дода мешавад, аз ин лиҳоз аз корманд-занони мо меҳнати софдилонаю содиқона ба Ватан ва нишон додани маҳорату малакаи касбӣ зарур аст.

Дар идомаи ҷамъомад муовини сардори ХШБ полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода зикр намуд, ки соли ҷорӣ, бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст, аз ин рӯ аз корманд-занон даъват ба амал оварда мешавад, ки фаъол бошанд, фикру мулоҳизаҳои худро баҳри пешрафти кор пешниҳод намоянд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ Ассотсиатсияи шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки дар кори Шурои занони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ имкониятҳои нави пешрафт боз хоҳанд шуд.

ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон