23 Ноябр, 2024

Ҳадаф – баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар самти шиноснома

Дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат, пос доштани оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ошкору пешгирии қонуншиканӣ мақсади асосӣ ва яке аз вазифаҳои ҷонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, кормандони ин ниҳод баҳри ҳарчи хубтар амалӣ гардонидани мақсадҳои дар наздашон гузошташуда вохӯриву суҳбатҳои судмандро байни аҳолӣ бештар ба роҳ мондаанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД кормандони дастгоҳи марказии ин хадамот ва воҳидҳои поёнии он вобаста ба минтақаи хизматиашон пайваста дар маҳаллаву ҷамоатҳо бо аҳолӣ вохӯриҳо доир менамоянд.

Бо ин мақсад, ҳафтаи сипаригардида сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, сардори ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур майори милитсия Нилуфар Асламшозода ва кормандони бахши мазкур дар Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию коммуналии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо раисон ва сокинони маҳаллаҳои Шоҳмансур, Гулистон, 1-уми Май, Яккатут ва дар умум бо намояндагони 45 маҳаллаи ин ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода оид ба амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» суханронӣ намуд.

Мавсуф дар баромади худ оид ба муҳтаво, мӯҳлат ва раванди амалишавии мавзӯҳои дар боло зикргардида, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №24 аз 12 феврали соли 2022 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 изҳори андеша намуда, зикр кард, ки “шумо раисони маҳаллаҳо бештар бо сокинони минтақаҳои хизматии худ дар робита ҳастед, хуб мешуд, вобаста ба мавзуҳои матраҳгардида корбарӣ ва дар бартараф намудани мушкилоти онҳо мусодат намоед”.

Инчунин, номбурда оид ба сари вақт дастрас намудани шиносномаи шаҳрвандӣ аз ҷониби хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, боз ҳам қавитар намудани ҳамкориҳо бо кормандони бахшҳои шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист, оид ба тартиби иваз ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани шиноснома ва моҳияту нозукии ин самт баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз кормандони ХШБ бо аҳли ҷамоатчигӣ ҳамкориҳои судманду қавиро ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд ҳама он уҳдадориҳое, ки ба зимма доранд, сари вақт ба ҷо оваранд.

Мақсад аз вохӯрии имрӯза ҳам баҳри ҳамаҷониба мусоидат намудан ва осон намудани мушкилии пешомадаи шаҳрвандон мебошад.

Дар интиҳо намояндагони маҳаллаҳо вобаста ба мавзӯъҳои баррасигардида саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.

Р. ИЛЁСОВ