23 Ноябр, 2024

Семинар – машварат бо иштироки кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар вилояти Хатлон

 

Санаи 25 ноябри соли 2022  дар шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, Сарраёсати маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Раёсати таҳқиқи ВКД барои масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон семинар – машварат дар мавзўи «Фаъолияти хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ҳамкории байни идораҳои масъул дар самти шиносномавию бақайдгирӣ, баррасии мушкилоти ҷойдошта ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид. Чорабинӣ бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Дар оғози семинар-машварат муовини сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Сафарзода Нуралӣ суханронӣ намуда,  ҳадафҳои  баргузории чорабиниро ба саҳми ҳозирин расонид. Номбурда зикр намуд, ки чорабинии мазкур бо дастури бевоситаи вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати сабукӣ овардан дар таҳияи шиноснома ва ҳарчи соддагардонии дастрасии он ба шаҳрвандон, инчунин дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъмини талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», ки аз 18-уми декабри соли 2019 мавриди амал қарор гирифта аст, доир карда мешавад.

Баромадкунандагон дар мавзуъҳои вобаста ба таҳияи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ, ивази ному насаб аз рӯи анъанаҳои миллӣ, тартиби пешниҳоди варақаҳои суроғавӣ, дархостҳо, меъёрҳои байналмилалӣ оид ба бешаҳрвандӣ, масъалаҳои вобаста ба иҷрои қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳо, фармону фармоиш ва дастуру супоришҳои ВКД суханронӣ намуданд.

Масъулин вобаста ба амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”, инчунин оид ба сари вақт дастрас намудани шиносномаи шаҳрвандӣ аз ҷониби хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки шаҳрвандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бемамониат пешниҳод намуда, дар муҳлати муайянгардида соҳиби шиноснома гарданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, саъй менамоянд вазифаҳои базиммадоштаашонро сари вақт иҷро кунанд. Ҳамзамон, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба мушкилоти пешомадаи шаҳрвандон расидагирӣ намоянду ҳарчи бештар сазовори бовариву эътимоди онҳо гарданд.

Дар рафти семинар аз ҷониби роҳбарияти ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон зикр гардид, ки Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон дар қатори дигар бахшҳои ин ниҳод, фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳайати шахсии Хадамот ва ниҳодҳои поёнии он дар ШВКД шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои хизматӣ ва дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад, сари вақт ва дар сатҳи лозимӣ иҷро менамоянд ва баргузории семинари омўзишӣ ва мавзўъҳои дар рафти он баррасигардида барои  баланд бардоштани савияву сифати фаъолияти кормандони ин ниҳод заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар ин радиф ҳар як корманди бахши раводидиву бақайдгирии хадамотҳои шиносномавию бақайдгириро зарур аст, ки баҳри пешрафти Ватани азизамон, волоияти қонун ва осоиштагии шаҳрвандон тамоми нерўву малакаи касбии худро равона намуда, сазовори боварии роҳбарияти ВКД ва ХШБ гарданд.

Офоқ Қодириён, полковники милитсия