Бо дастгирии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо бо мақсади шиносоӣ бо низом ва тартиби пешниҳоди паноҳгоҳ, муайян намудани мақоми гуреза ва дигар масъалаҳои марбут бо онҳо сафари як гурӯҳ намояндагони вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва шахсони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Гурҷистон доир карда шуд.
Дар доираи боздиди шиносоӣ рӯзҳои 17-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Тбилиси вохӯрии намояндагони Тоҷикистон бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Гурҷистон, муовини вазири корҳои дохилии Гурҷистон, роҳбарияти Департаменти кор бо муҳоҷирати ВКД Гурҷистон баргузор гардида, меҳмонон ҳамчунин аз маркази қабули гурезагони Марткопи ва дигар маконҳои бо паноҳандгону гурезаҳо алоқаманд дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон иштирок намуда, аз таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Гурҷистон дар низоми қабули шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуд.
Дар ҷараёни ворхӯриҳо зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Гурҷистон қонунгузории худро ба Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезаҳо аз 28 июли соли 1951, Протоколи он аз соли 1967 ва дигар санадҳои байналмилалӣ марҳила ба марҳила ҷавобгӯ гардонида истодааст. Дар қонунгузории ин кишвар се самти мақоми гуреза: муваққатӣ, гуманитарӣ ва гурезагӣ вуҷуд доранд, ҳуқуқҳои гурезаҳо ба кору зиндагӣ, таҳсилу табобат таъмин карда мешаванд. Дар самти шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо махзанҳои маълумотдиҳӣ роҳандозӣ гардида, ҳамкориҳои байни сохторҳои марбута зич ба роҳ монда шудааст.
Х. Солиҳӣ