22 Ноябр, 2024

Мулоқот роҷеъ ба масъалаи бақайдгирии вуруду хуруҷи сайёҳон

Санаи 19 октябри соли 2022 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо коршиноси байналмилалии сайёҳӣ Карлос Фариа Алберто, ки дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мушовир фаъолият дорад, мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили муҳими соҳаи сайёҳӣ, вазъи ҳуқуқии сайёҳони хориҷӣ, тартиби будубоши онҳо, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикисто мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ бо хоҳиши идомаи ҳамкориҳои минбаъда анҷом ёфт.