Ҷиҳати иҷрои талаботи бандҳои 45 ва 46-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, таҳти №647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” санаи 30 сентябри соли 2022 дар Хадамоти шиносномавиюбақайдгирӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарси хизматӣ бо ҷалби мутахассиси соҳавӣ баргузор карда шуд.
Дар машғулияти хизматӣ, ки дар он ҳайати шахсии шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот иштирок доштанд, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Эраҷ Гулаҳмадович дар мавзӯи “Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сиёсати давлатии забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Номбурда зимни баромади хеш иброз дошт, ки забон арзишмандтарин муқаддасоти миллат ва ҳастии ҳар як давлат мебошад. Забон мояи ифтихор ва далели баҳснопазири куҳанбунёд будани ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, яке аз “рукнҳои муҳими давлатдорӣ” маҳсуб меёбад. Забони мо нишон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва сарчашмаи мероси пурғановати гузаштагону аҷдодони халқу миллатамон дониста мешавад. Муқаддас нигоҳ доштани забон вазифаи ҳар як фарди бедордил, равшанфикр ва баору номуси Ватан мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд “Бо масъулияти тамом ва бар асоси меъёрҳои илмӣ ҳифз кардани забони давлатӣ, нигоҳдорӣ ва такмилу сайқал додани он вазифаи муқаддаси адибон, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, тамоми фарҳангиён ва аҳли ҷомеа мебошад”.
Қайд гардид, ки ин вазифаи пурифтихор ва масъулияти баландро бобати ҳифз намудан ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл олимону мутафаккирон ва шоирону орифони тоҷик аз қабили Маликушшуарро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хисрав, Ҷалолиддини Балхию Саъдӣ, Ҳофизу Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандию Аҳмади Дониш, Айнию Лоиқ ва ҳазорҳо дигар нобиғаҳои олами ирфони тоҷик дарк намудаю пайи зинда нигоҳ доштан ва бою ғанӣ гардонидани он талошу кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди забонро, ҳамчун як рукни муҳимми давлатдорӣ пазируфта, ҷиҳати ҳифозату нигоҳдошт ва ташаккули инкишофи он ғамхориҳои пайваста зоҳир менамоянд. Мусаллам аст, ки масъалаи ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ яке мавзуъҳои меҳварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Маҳз, ба хотири арҷ гузоштан ба ин рукни муҳимми давлату давлатдорӣ дар маросими таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2010 забони давлатӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон гардид.
Эраҷ Сафаров дар идомаи суханрониаш доир ба рушду нумӯи забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият, қонунгузории соҳа ва дигар паҳлӯҳои забони давлатӣ ибрози андеша намуда, саҳми олимону адибон, аҳли зиё ва умуман мардуми тоҷикро дар рушду нумӯи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар охир, баромадкунанда ҳамчунин ба саволҳои зиёди кормандон доир ба паҳлӯҳои гуногуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас дод.
Х. Солиҳӣ