Аз ҷониби роҳбарият ва кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022, №24 муҳлати амали он то 15 феврали соли 2023 тамдид шудааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2019, №1652 «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» мунтазам ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом дода шуда, бо сокинони маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ бурда мешавад.
Дар нуҳ моҳи соли 2022 ҷиҳати амалигардонии талаботи санадҳои зикргардида гуруҳҳои корӣ зери роҳбарии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро се маротиба ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарҳои хизматӣ доир карда шуда, бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ҷамоатҳо вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Ҳамчунин, ба масъулини сохторҳои минтақавии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ ҷиҳати иваз кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Пас аз қабул ва баррасии аризаҳои шаҳрвандон дар самти қонуни авф дар нуҳ моҳи соли 2022 мақоми ҳуқуқии 356 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шуда, дархости 202 нафар барои гирифтани иҷозати зисти доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасӣ қарор дорад.
Аз тарафи ХШБ ВКД дар нуҳ моҳи соли 2022 ба 427 нафар, аз ин ба 195 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 232 нафар шахсони бешаҳрванд гувоҳномаи иқомат дода шудааст. Аризаҳои 869 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд оид ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқӣ дар баррасӣ қарор дорад.
Корҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ дар самти амалисозии қарору қонунҳои дар боло зикргардида идома дорад.
Х. Солиҳӣ