22 Ноябр, 2024

Вохӯрӣ бо роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон

Санаи 1 сентябри соли 2022 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди вохӯрӣ анҷом дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар оғози вохӯрӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин сохтори бонуфузи СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, истифодаи васеи имкониятҳои якдигарро дар оянда муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба будубоши гурезаҳо дар Тоҷикистон, шароити зисти онҳо, интиқоли гурезаҳо ба кишварҳои сеюми қабулкунанда, кӯмакҳои расонидашаванда, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони шахсони гуреза, сохтмони Маркази қабули гурезаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун, амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни ин вохӯрӣ барои баланд бардоштани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои зикршуда, ки аз дастуру ҳамкориҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бармеояд, аз ҷониби роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди ба ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои поёнии он расман 30 адад компютер, 15 адад дастгоҳи факсӣ, 10 адад дастгоҳи изи дастгирӣ, 4 адад моноблок, 5 адад шреддер ва 6 адад вебкамера кӯмак расонида шуд.

Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ҷонибҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон