23 Ноябр, 2024

Собиқадорон – тарбиягарони кадрҳои ҷавон

Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ яке аз шохаҳои асосии мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, барои ободию пешрафти Тоҷикистон хизмат бурда истодааст. Дар ин радиф, бояд зикр намуд, ки баҳри пешрафти кор маслиҳатҳои муфид, таҷрибаи бойи корӣ ва ҳамкориҳои судманди собиқадорони милитсия танҳо ба манфиати кор буда, онҳо мададгори кормандон дар ҳалли мушкилиҳо ва робитаи зич бо мардум мемонанд.

Аз ин рӯ, ба муносибати 30-юмин солгарди Созмони собиқадорони ВКД дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷамъомади идона доир гардид, ки дар он собиқадорону нафақагирон, роҳбарият ва ҳайати шахсии ин хадамот иштирок намуданд.

Нахуст, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бахшида ба рӯзи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳозиринро табрик намуда, ба онҳо дар кору фаъолият, пеш аз ҳама, саломатии бардавом, умри дарози бобаракат ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Собиқадорони ХШБ дар баробари дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ давоми солҳои зиёд новобаста аз пастию баландиҳо софдилона заҳмат кашида, дар рушду пешрафти сохтор ҳиссагузорӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба андешаи сардори ниҳод, собиқадорони ХШБ на танҳо ба хизматрасониҳои марбут ба кори шиносномавию бақайдгирии шаҳрвандон, балки баҳри оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ошкору пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сафарбар гардидаву қисмати муҳими ҳаёти худро дар роҳи хизмат ба Ватан сарф намудаанд.

– Итминони комил дорам, ки ҳар як собиқадору нафақагири хадамот минбаъд низ дар тарбияи кадрҳои ҷавон, мутахассису кордон гардидани онҳо ва умуман, дар пешрафти кори мақомоти корҳои дохилӣ нақши худро мегузоранд. Кормандони ХШБ дар навбати худ, барои ҳамкориҳо омодаанд ва шароитҳои зарурӣ барои ин самт муҳайё мебошанд, – афзуд Ҳусейн Халилзода.

 

 

 

 

Дар идомаи чорабинӣ собиқадори ХШБ Шарифа Усманова дар бораи ташкили корҳои тарбиявӣ бо кормандони ҷавон, ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва ВКД нисбати собиқадорону нафақагирон суханронӣ кард. Номбурда аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста ёдовар шуда, кормандони ҷавонро ба хизмати софдилонаву содиқона даъват намуд.

Дар охир сардори хадамот ба иштирокчиён барои ташриф миннатдорӣ баён карда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба нафақагирону собиқадорони ХШБ мукофотҳои пулӣ тақдим намуд. Инчунин, бахшида ба 30-юмин солгарди Созмони собиқадорони ВКД дастурхони идона ороста шуд.