23 Ноябр, 2024

Сокинон бо ҳуҷҷатгузориҳо дар самти шиноснома ошноӣ пайдо карданд

– Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”, яъне иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 азнавбақайдгирии симкортҳо аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ гардида истодааст. Аммо, бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву пахши эълону хабарҳо тавассути васоити ахбори омма ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони шуъбаву хадамотҳои шиносномадиҳӣ на ҳама шаҳрвандон шиносномаҳои қаблии намунаи соли 1996 доштаи худро ба намунаи нави соли 2014 иваз накардаанд, – иброз дошт сардори шуъбаи кор бо шиносномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода зимни вохӯрӣ бо сокинону фаъолон ва раисони маҳаллаҳои Навбаҳор – 1 ва 2, инчунин омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

 

 

 

 

 

М. Миршамсзода дар идома зикр намуд, ки хуб мешуд ҳама он шаҳрвандоне, ки то кунун шиносномаҳояшонро иваз накардаанд, ба хотири минбаъд ба мушкилиҳо дучор нагардидан сари вақт ба бахшҳои шиносномавию бақайдгирии маҳалли зисташон омада, ҳуҷҷатгузорӣ намуда, шиносномаҳояшонро ба тартиб дароранд.

Номбурда оид ба сари вақт гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ аз тарафи хонандагону хатмкунандагоне, ки ба синни 16 расидаанд, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ барои бақайдгириву аз қайд баровардани шиносномаҳои шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои самти фаъолият суханронӣ намуд.

Дар асоси дастуру супориши роҳбарияти ВКД, раванди таъминоти саривақтии шиноснома ба шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир қарор дорад ва имрӯз телефони боварии Вазири корҳои дохилї, инчунин телефони боварии сардори ХШБ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Шаҳрвандон метавонанд оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар самти фаъолияти кормандони бахши шиносномадиҳӣ муроҷиат намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ нозири калони бахши шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино капитани милитсия Ҷӯрабек Муродзода қайд кард, ки имрӯз кормандони бахши мазкур ба сокинони маҳаллаҳои Арбобхотун, Обчакорон, Обчакорон-1, Навбаҳор 1 ва 2 хизматрасонӣ менамоянд. Аз аввали сол то ба имрӯз аз ҷониби кормандони ин бахш ба зиёда аз 170 нафар хонандагону шаҳрвандоне, ки маротибаи аввал барои гирифтани шиноснома муроҷиат намудаанд, ботантана шиноснома дода шудааст.

Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки мебояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аллакай ба синни 16 расидааст, дорои шиносномаи шаҳрвандӣ гардад, то дар минбаъда барои ҳуҷҷатгузориҳояш монеа пеш наояд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиёни чорабинӣ оид ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати гум намудани шиноснома, бақайдгириву аз қайд баровардани шаҳрвандон аз ҷониби соҳибмулк, пардохти санадҳо барои шиноснома савол дода, аз масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.