Кормандони шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” бо сафари хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошта, баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2019, №1652 «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот, сокинони маҳалҳо вохӯриҳои судманд анҷом дода истодаанд.
Айни замон гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Деваштич қарор дошта, дар масъалаҳои зикргардида равшани андохта истодаанд.