Баҳри сари вақт таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият – шиноснома, ки имкон медиҳад хонандагон баъди соҳиби шиноснома гаштан ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида ҳамчун довталаб худро бақайд гиранд, бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда шудаанд, ки шароити беҳтару дастрасро ба хонандагоне, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, фароҳам оваранд.
Бо ҳамин мақсад ҳамкории хадамоти шиносномадиҳӣ бо муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, суҳбату мулоқот бо хонандагон, фаҳмонидани тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати соҳиб шудан ба шиноснома ва қабули дастаҷамъонаи хонандагон дар нуқтаҳои шиносномадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Баъди омода гардидани шиносномаҳо дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ ба хонандагон шиноснома месупоранд ва чунин корбарӣ боиси қаноатмандии аҳли ҷомеа мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дастрасии хонандагон ба ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи шаҳрвандии Тоҷикистон – шиносномаи миллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, дархости ҳар як муроҷиаткунанда ҷиҳати гирифтани шиноснома сари вақт таъмин карда мешавад.