Қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
аз 27 майи соли 2020, №294
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
- Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин воҳидҳои онҳо ҳангоми барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.
- Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати шаш моҳ Дастурамали муштарак дар бораи тартиби татбиқи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №203 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2020, № 294
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ДОДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ ХОРИҶИИ ДОРОИ ҲОМИЛИ ЭЛЕКТРОНИИ ИТТИЛООТ ВА ШАҲОДАТНОМАИ БОЗГАШТ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. ҲУҶҶАТҲОИ АСОСИЕ, КИ ШАХСИЯТИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ХОРИҶА ТАСДИҚ МЕНАМОЯНД
- Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафар ба хориҷа, истиқомати муваққатӣ ва доимӣ дар хориҷа ва бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
– шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шиносномаи дипломатӣ);
– шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шиносномаи хизматӣ);
– шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ);
– шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдшаҳодатномаи бозгашт).
- Шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандии хориҷӣ (минбаъд – шиносномаҳои хориҷӣ) ва шаҳодатномаи бозгашт моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандагони онҳо таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
- Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки шиносномаи хориҷиро эҳтиёткорона нигоҳ дорад.
2. МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ДОДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ ХОРИҶӢ
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ: – Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; – намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (минбаъд – муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон); – Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он (минбаъд – Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
5. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Категорияи хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳуқуқи гирифтани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро доранд, дар замимаи 1 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гардидаанд.
6. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ дорад, ў ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, барои дастрас намудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардиди муроҷиат менамояд. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ дар хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
7. Таҳти мафҳуми “аъзои оила” дар Қоидаҳои мазкур ҳамсар, фарзандон, аз он ҷумла фарзандхондшудагон – то расидан ба синни 23 фаҳмида мешаванд.
8. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин дода мешаванд:
– хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сафарҳои хизматии хориҷӣ мераванд;
– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд;
– шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ тибқи шартномаҳои байналмилалӣ сафар мекунанд;
– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан будубош мекунанд;
– кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият, ки ба сафарҳои хизматии хориҷӣ мераванд.
9. Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, агар то охири муҳлати амали шиносномаҳои мазкур камтар аз 6 моҳ боқӣ монда бошад, инчунин шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ ё муваққатӣ доранд, медиҳанд.
10. Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар маҳалли зисти доимии онҳо ё маҳалли зисти муваққатӣ ва ё дар маҳалли будубоши онҳо дода мешаванд.
3. АСОСҲОИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ ХОРИҶӢ
11. Шиносномаҳои хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
– амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сафарҳои хориҷии хизматӣ;
– мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми ў, дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият, аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;
– шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
– расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд;
– нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ (барои шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ).
- Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
– шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ;
– шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он барои шаҳрвандони то синни 16;
– нусхаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумотномаи тасдиқкунандаи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
– расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ. Дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо хироҷи консулӣ ситонида мешавад.
- Дар сурати аз ҷониби шаҳрванд бинобар сабабҳои узрнок (дуздидан, гум кардан, фарсуда шудан ва ғайра) пешкаш карда нашудани ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 12 номбаршуда, шиносномаи хориҷӣ пас аз мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи роҳбари муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
- Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ўро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян намоянд. Дар ҳолати ба шаҳрвандии давлати дигар мансуб будани муроҷиаткунанда, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ў додани шиносномаи хориҷӣ рад карда мешавад.
- Дар ҳолати ба миён омадани мушкилоти техникӣ ва масъалаҳои дигаре, ки санҷиш ё пешниҳоди маълумоти иловагиро бо мақсади додани шиносномаҳои хориҷӣ талаб менамояд, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ дархост ирсол намоянд. Тартиби пешниҳод намудани дархостҳо барои барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
– шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба мансубияти кўдак ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд бо штамп ва муҳри тасдиқкунандаи мансубияти кўдак ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумотномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ додашуда, ки мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, пешниҳод карда мешавад;
– расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд.
- Барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола дар асоси ризоияти хаттии дар нотариат ё муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи падар ё модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар, инчунин дар ҳолати норозигии падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда барои додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола, масъала бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2020 № 687).
4. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ, ДОДАН ВА ИВАЗ НАМУДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ ХОРИҶӢ
18. Мутобиқи талаботи боби 3 Қоидаҳои мазкур пас аз қабули ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани санҷиши муқарраршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ шиносномаи хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад.
19. Шиносномаҳои хориҷӣ бо ҳарфҳои кирилӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (бо забони англисӣ) пур карда мешаванд.
20. Шиносномаи хориҷӣ дар асоси маълумоти инфиродие, ки дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 16сола, ки бори аввал шиносномаи хориҷӣ мегирад, дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуд сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад.
21. Шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди аз 16 – сола боло, ки ба таври доимӣ дар хориҷа истиқомат дошта, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷиро надорад, баъд аз муқаррар намудани шахсияташ ва мансубияташ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуд сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад.
22. Намунаҳо, таснифот, хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати техникии бланкҳои шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳомили электронии иттилоот мебошанд, мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
23. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ ариза барои гирифтани шиноснома дар шакли электронӣ хонапурӣ карда мешавад.
24. Корманде, ки барои гирифтани шиноснома аризаро хонапурӣ намудааст, акси аризадиҳандаро тибқи талабот нисбати сурат ҳангоми аксгирии шаҳрванд барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ мегирад (замимаи 2) ва пас аз тафтиши ҳамаи маълумот, ки дар ариза барои гирифтани шиноснома ворид карда мешавад, файли электрониро ба сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
25. Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз фардикунонии маълумоти аризадиҳанда ва тайёр намудани шиносномаи хориҷӣ онро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, ки файли электрониро хонапурӣ намудааст, ҷиҳати супоридан ба соҳибаш равон менамояд.
26. Ҳангоми додани шиносномаи хориҷӣ, корманди масъули мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ бояд дурустии хонапурӣ гардидани ҳамаи маълумоти шиносномаро тафтиш намояд ва ба мувофиқат намудани чеҳраи шаҳрванд бо акси шиноснома боварӣ ҳосил намояд.
27. Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷӣ бо Дастурамали муштарак дар бораи тартиби татбиқи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Дастурамал) муайян карда мешавад.
28. То ба итмом расидани муҳлати амали шиносномаи хориҷӣ иваз намудан ва додани шиносномаи хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
– ҳангоми тағйир ёфтани мақоми хизматии дорандаи шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;
– ҳангоми дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои ворид намудани сабт, қайдҳо ва раводид;
– ҳангоми фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
– ҳангоми гум шудани шиноснома;
– ҳангоми аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном, номи падар ва дигар маълумоти муайянкунандаи шахсият;
– ҳангоми гирифтани шиносномаи дуюм, агар фаъолияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафарҳои зиёди берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад. Барои тасдиқ намудани сафарҳои зиёд шахси муроҷиаткунанда бояд шиносномаи амалкунандаи хориҷиро бо нусхаи саҳифаҳои махсуси шиносномаи хориҷӣ бо на камтар аз чор қайд дар бораи убури сарҳади давлатӣ дар муддати ду моҳи охир пешниҳод намояд.
- Шиносномаи хориҷии нав ба шарти гирифтани шиносномаи пешинаи хориҷӣ, ки муҳлати амалаш ба итмом нарасидааст, дода мешавад. Муқаррароти банди мазкур ба дорандагони шиносномаҳои дуюми хориҷӣ тааллуқ надорад.
- Агар саҳифаҳои шиносномаи амалкунандаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пур шуда бошаду раводидҳои амалкунандаи кишварҳои хориҷиро дошта бошад ва ў барои гирифтани шиносномаи хориҷии нав дархост карда бошад, шиносномаи хориҷии нав бо дархости шахс метавонад бе гирифтани шиносномаи хориҷии қаблӣ дода шавад. Дар ин ҳолат дар шиносномаи қаблан додашуда дар кунҷи чапи поёни акси соҳибаш сўрох карда мешавад. Ба расмият даровардани шиносномаи хориҷии нав мутобиқи талаботи боби 3 Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.
- Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони он бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ муроҷиат намояд.
- Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, дорандагони он бояд фавран ба мақомоти дахлдори кишвари будубош, инчунин ба муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, ки он фавран ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот бо зикри насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, макони (кишвари) гум шудани он ирсол менамояд, ва агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, ба сафари хизматӣ омада бошад, номи идораеро, ки ба сафари хизматӣ фиристодааст, дарҷ менамояд.
- Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ ва набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст оид ба ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари наздиктарин ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирифтани шиносномаи хориҷӣ ё шаҳодатномаи бозгашт хабар диҳад.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ уҳдадоранд, ки оид ба гум шудани шиносномаи хориҷӣ ба қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои хориҷии ёфтшуда, инчунин шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони фавтидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ супорида мешаванд. Дар хориҷа ин гуна ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, ки шиносномаро додаанд, фиристода мешаванд.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ дар бораи ба соҳибаш баргардонидани шиносномаи ёфтшудаи хориҷӣ ё нобуд сохтани он қарор қабул менамояд. Дар ҳолати қабули қарор дар бораи баргардонидани шиноснома ба соҳибаш, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ маълумотро оид ба баргардонидани шиноснома ба қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи хизматӣ ирсол менамояд.
- Шиносномаҳои хориҷие, ки дар муддати муҳлати амали онҳо ба соҳибонашон дода нашудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд.
- Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, ба шаҳрванд дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва пас аз гузаронидани санҷишҳои махсус оид ба муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда шиносномаи хориҷии нав ё барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт дода мешавад.
- Ҳангоми ошкор гардидани нуқсони техникӣ дар шиносномаи хориҷӣ, ба шаҳрванд бе пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва гирифтани боҷи давлатӣ ё пардохтҳои дигари ҳатмӣ шиносномаи нав дода мешавад.
- Ҳангоми гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ иштироки муроҷиаткунанда ҳатмист. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии омодагардида метавонанд аз ҷониби кормандони ваколатдори муассисаҳои давлатии дархосткунанда гирифта шаванд.
- МУҲЛАТИ ЭЪТИБОРИ ШИНОСНОМАҲОИ ХОРИҶӢ, МУҲЛАТИ БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО ВА АРИЗАҲО
41. Шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон аз синни 16 ба муҳлати зерин дода мешаванд:
– шиносномаи дипломатӣ – ба муҳлати 5 сол;
– шиносномаи хизматӣ – ба муҳлати 5 сол;
– шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ – ба муҳлати 10 сол.
- Шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон то синни 16 ба муҳлати зерин дода мешаванд:
– аз лаҳзаи таваллуд то синни 6 – ба муҳлати 3 сол;
– аз синни 6 то 11 – ба муҳлати 4 сол;
– аз синни 11 то 16 – ба муҳлати 5 сол.
- Шиносномаҳои дипломатии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
- Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар муддати 15 рўзи корӣ баррасӣ карда мешаванд. Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати хизматӣ (барои кормандони мақомоти давлатӣ), табобати таъҷилӣ, бемории вазнин ё марги хеши наздики дар хориҷа истиқоматкунандааш, шиносномаи хориҷӣ дар муддати 3 рўзи корӣ бе ситонидани пардохт барои фаврият ба расмият дароварда мешавад. Барои барасмиятдарории таъҷилии шиносномаи хориҷӣ мактуб оид ба сафари хизматии таъҷилӣ ё маълумотномаи муассисаи тиббӣ, барқияи байналмилалии бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда асос мебошад.
- Аризаҳои шаҳрвандон барои додани шиносномаҳои хориҷӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на бештар аз як моҳ баррасӣ мешаванд.
- Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:
– дар муддати 3 рўзи корӣ ба 200 фоиз;
– дар муддати 7 рўзи корӣ ба 100 фоиз.
- СУПОРИДАН, БАҲИСОБГИРИИ ШИНОСНОМАҲОИ ХОРИҶӢ, ШАҲОДАТНОМАҲОИ БОЗГАШТ, ҲИСОБОТ АЗ РЎИ ОНҲО ВА ТАРТИБИ НИГОҲДОРИИ ОНҲО
47. Супоридани шиносномаҳои хориҷии омодашуда аз сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санади қабулу супоридан ба расмият дароварда мешавад.
48. Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки ҳар семоҳа ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал оид ба миқдори шиносномаҳои хориҷии додашуда, шаҳодатномаҳои бозгашт ва миқдори бланкҳои вайроншудаи онҳоро ҳамроҳ бо санади дахлдор пешниҳод намоянд.
49. Тартиб ва шакли пешниҳод намудани ҳисобот аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
50. Баҳисобгирии додани шиносномаҳои хориҷӣ (додашуда) мутамарказона бо тартиби автоматиконидашуда дар маркази электронии маълумоти сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда мешавад.
51. Бланкҳои шиносномаҳои хориҷӣ, шиносномаҳои хориҷии таҳияшуда ва шаҳодатномаҳои бозгашт дар сандуқҳои оҳании ҳуҷраҳои махсуси муҷаҳҳазгардида, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои дорои ҳисоботи қатъӣ пешбинӣ гардидаанд, бо тартибе, ки ҳифзи эътимодноки онҳоро таъмин менамояд, нигоҳ дошта мешаванд.
- НОБУД КАРДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ БЕЭЪТИБОР
52. Шиносномаҳое, ки ба ивази онҳо шиносномаҳои нав дода мешаванд, шиносномаҳои шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додаанд, инчунин шиносномаҳои фавтидагон бозпас гирифта шуда, тибқи санад нобуд карда (сўзонда) мешаванд, ки як нусхаи он дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад. Парванда бо санадҳо бо гузаштани муҳлати муқарраршудаи нигоҳдорӣ ба бойгонии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ супорида мешавад.
53. Санад аз ҷониби комиссия тартиб дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ тасдиқ карда мешавад. Тартиби таҳияи санад ва нобуд кардани шиносномаҳои беэътибор дар Дастурамал муайян карда мешавад.
54. Бланкҳои вайроншудаи шиносномаҳои хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамал нобуд карда (сўзонда) мешаванд.
- РАД КАРДАНИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАИ ХОРИҶӢ, БОЗПАС ГИРИФТАН Ё АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ ШИНОСНОМАИ ХОРИҶӢ
55. Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зерин муваққатан барои додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар шаҳрванд:
– аз маълумоти дорои сирри давлатӣ воқиф бошад – то гузаштани муҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани дастрасии шаҳрванд ба ин маълумот. Муҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дар назар доштани далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоти дорои сирри давлатӣ таъсис додааст, тамдид карда шавад. Мансубияти маълумоти дорои сирри давлатӣ мутобиқи конунгузории танзимкунандаи ҳифзи маълумоти махфӣ анҷом дода мешавад;
– ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, то баровардани қарор аз рўи парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
– барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад, то адои (иҷрои) ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо, ба истиснои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;
– аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммааш гузоштаи суд саркашӣ кунад, то иҷрои уҳдадориҳо ё то ба мувофиқа расидани тарафҳо;
– маълумоти бардурўғ дода бошад;
– нисбати ў иҷрои қарори суд оид ба манъи муваққатии баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда бошад – то бекор кардани манъкунӣ;
– дар кофтукови ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноят қарор дошта бошад;
– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад – то ба итмом расидани муҳлати адои хизмати ҳарбӣ.
- Ба шаҳрванд ҷавоби хаттӣ пешниҳод мегардад, ки дар он асосҳо ва муҳлати маҳдудияти додани шиноснома зикр карда мешавад.
- Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин метавонад аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бозпас гирифта шавад ё аз эътибор соқит дониста шавад:
– ба шиноснома ғайриқонунӣ ворид намудани тағйирот вобаста ба мушаххасгардонии шахсият;
– ба охир расидани ваколати хизматчии давлатӣ ё ба дигар кор гузаштани ў, ки дар он ҳуқуқ ба гирифтани шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ пешбинӣ нашудааст;
– сохтакории шиносномаҳо;
– муқаррар гардидани далели додани шиноснома аз рўи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё ғайриқонунӣ гирифташуда;
– қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– дар ҳолатҳои дигари пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Дар масъалаи бозпас гардонидани шиносномаҳои хизматӣ ва дипломатии хизматчиёни давлатии муҳлати ваколаташон баохиррасида ё ба мансаби дигар гузаронидашуда ва аъзои оилаи онҳо, ки доштани шиносномаи дипломатӣ ва хизматиро тақозо намекунад, мақомоте уҳдадор мебошад, ки чунин шиносномаҳоро барои кормандонаш дархост намудааст. Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии бозпасгардонидашуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 15 рўз аз лаҳзаи тағйир ёфтани мақоми хизматчии давлатӣ ҷиҳати андешидани иқдомҳои минбаъда интиқол дода мешаванд.
- ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ БОЗГАШТ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
59. Шаҳодатномаи бозгашт ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, ки ба муҳлати на зиёда аз 60 рўз дода шудааст.
60. Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
– аризаи муроҷиаткунанда, ки намунааш аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳия ва тасдиқ мегардад;
– маълумотномаи шуъбаи корҳои дохилӣ ё мақомоти дигари дахлдори давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба далели муроҷиати ин шаҳрванд оид ба гум шудани шиноснома;
– ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира). Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд, шаҳодатномаи бозгашт дар асоси нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ (баъд аз санҷиши аслияти онҳо) ва дар сурати набудани онҳо дар асоси нусхаи шакли №1 ва ё маълумотнома аз махзани ягонаи таҳияи шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуди кўдак то яксолагӣ расидани кўдак, агар шаҳодатномаи таваллуд дода нашуда бошад;
– 2 акси рангаи андозааш 3х4 мм;
– расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок амалӣ карда шавад).
- Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зикршуда шаҳодатномаи бозгашт бе мувофиқаи иловагӣ дода мешавад.
- Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 60 корманди ваколатдори муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба сохторҳои маҳаллии он муроҷиат менамояд.
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он дар давоми на кам 5 рўзи тақвимӣ чорабиниҳои заруриро оид ба муайян кардани шахсияти шахси муроҷиаткунанда гузаронида, оид ба натиҷаи он ба мақомоти ваколатдори давлатии дархосткарда ҷавоб ирсол менамояд.
- Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муқаррар кардани шахсият ва муайян намудани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.
- Муҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 10 рўзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (санҷиши иловагии ҳуҷҷатҳо), муҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на зиёда аз 10 рўз тамдид карда шавад.
- Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои будубош дар хориҷа асос шуда наметавонад.
- Дар ҳолати номумкин будани баргаштани шаҳрванд дар муҳлати муқарраргардида (ҳолатҳои фавқулода, бемории вазнин ва ҳолатҳои дигари аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд ва ё дархости асосноки мақомоти дахлдори кишвари хориҷӣ ё созмони байналмилалӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ дубора ба муҳлати 30 рўз содир карда шавад.
- Шакли шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.
- МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
69. Барои риоя накардани Қоидаҳои мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаи 1
ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани
шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили
электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт
ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
РЎЙХАТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО, КИ ҲУҚУҚИ ГИРИФТАНИ ШИНОСНОМАИ ДИПЛОМАТӢ Ё ХИЗМАТИРО ДОРАНД.
- Шиносномаҳои дипломатӣ ба шахсони зерин дода мешаванд:
1) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ў;
2) Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо;
4) Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ ва муовинони Прокурори генералӣ, котиби Шўрои амният ва муовини котиби Шўрои амният, раиси Палатаи ҳисоб ва муовинони раиси Палатаи ҳисоб, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
6) сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотӣ-сардори хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи раёсат), сардори ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи раёсат), муовини сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони бахшҳои раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳо, инчунин сармутахассисон ва мутахассиси пешбари хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ў, сардори корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, директори генералии ҷамъяти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, директори генералии ҷамъяти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр”, раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”, раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
9) ба атташеҳои ҳарбӣ;
10) ба сардорон ва ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муовини директори бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин ба хизматчиёни давлатие, ки дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор таъин карда мешаванд;
11) ба аъзои оилаи шахсони мансабдори дар зербандҳои 8, 9, 10 зикргардида танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.
- Шиносномаҳои хизматӣ ба шахсони зерин дода мешаванд:
1) муовинони роҳбарони мақомоту идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) муовини котиби матбуотӣ-сардори хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) ректорони донишгоҳу донишкадаҳо;
4) генералҳои дар хизмат қарордошта, раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба;
5) кормандони маъмурии муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо ва ба хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби мутахассисро ишғол менамоянд.
Эзоҳ: Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ў, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, шиносномаҳои дипломатӣ якумра дода мешаванд.
Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ танҳо мутобиқи номгўи дар боло зикргардида дода мешаванд. Баробаркунӣ ё мутобиқгардонии мансабҳо барои гирифтани шиносномаҳои болозикр манъ аст.
Замимаи 2
ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани
шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили
электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт
ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Талабот нисбат ба акс ҳангоми аксгирии шаҳрванд барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот
Аксе, ки дар файли электронӣ ҳангоми аксгирии шаҳрванд тасвир шудааст, бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:
- Акс бо тарзи сиёҳу сафед тайёр карда мешавад.
- Хусусиятҳои асосӣ, ки ҳангоми аксгирӣ талаб мешаванд:
– андозаи акс 35х45 мм (бо таври худкор (автоматикӣ);
– рўй ва китфони аксгиранда дар ҳолати рў ба рў бо ҳар ду чашмони кушода (онҳоро набояд мўи сар пўшонад) қарор мегирад, яъне бо чашмони тариқи амудӣ ба сатҳи тасаввуршаванда гирифташуда, ки ба сатҳи рў ба рўи рўй баробар мебошад;
– ҳолати рў ба рўи рўйи пурра бояд дар равшанӣ аз фарқи сар то манаҳ ва аз бинӣ то гўшҳо намоён бошад;
– барои баланд бардоштани тафсили инъикоси ҳолати рў ба рўи рўй, равшании лозима ва баробар истифода бурда мешавад;
– дарозии сар бояд аз 32 то 36 мм бошад;
– масофа аз кунҷи поёнии акс то хатти тасаввуршавандаи уфуқӣ, ки аз маркази чашмҳо мегузарад, бояд аз 23 то 21 мм бошад;
– васеъгии сар бояд аз 18 то 25 мм бошад.
Акси 1 – намунае, ки талаботро ба сурат инъикос менамояд
А – бари акс;
В – баландии акс;
АА – хатти тасаввуршавандаи марказии амудӣ, маркази уфуқии акс буда, аз нуқтаи мобайни даҳон ва бинӣ мегузарад;
ВВ – масофа аз кунҷи акс то хатти тасаввуршавандаи уфуқӣ, ки аз маркази чашмон мегузарад;
СС – васеъгии сар ҳамчун масофаи уфуқӣ байни миёнҷои ду хатҳои тасаввуршавандаи амудӣ, ки тавассути кунҷҳои холии болоӣ ва поёнии ҳар як гўш мегузаранд ва дар ҷои пайвасти қисми берунии гўш ба сар ҷойгиранд, муайян карда мешавад
DD – дарозии сар ҳамчун масофаи амудии байни сари манаҳ ва фарқи сар муайян карда мешавад.
- Талабот ба ҳолати шахс:
– гардиши сар аз ҳолати амудӣ ҳар кадом самт роҳ дода намешавад;
– қиёфа бетараф буда, абрўвон бояд ҳолати муътадил дошта (чун дар холати тааҷҷуб бардошташуда набошанд, ба ҳиссаи болои бинӣ чин нашудаанд), чашмон “муътадил” кушода, ба камера нигоҳ мекунанд, даҳон пўшида аст;
– китфҳо бояд ба ҷониби камера “гардонида” шуда бошанд;
– манзари сурат бояд якранга буда, бе ягон таркиб бошад. Манзари то 10 фоиз хокистарӣ ё осмонранги кушод тавсия мешавад;
– рўй бояд баробар равшанӣ дода шавад;
– атрофи рўй аз фарқи сар то сари манаҳ ва аз гўш то гўш бояд равшан намоён ва соя надошта бошад;
– ҳеҷ ягон сояҳои сиёҳ дар косахонаи чашм, зери абрўвон бояд набошад, инабия ва гавҳараки чашмон бояд равшан намоён бошанд;
– ба шаҳрвандоне, ки эътиқоди динии онҳо дар назди шахсони бегона бе кулоҳи сарпўш гаштанро иҷозат намедиҳад, аксгирӣ бо кулоҳҳои сарпўш, ки тарҳи рўйро намепўшад, роҳ дода мешавад.
Дар ин сурат тарҳи рўй бо қисми поёни манаҳ то қисми болои пешона ва ҳар ду тарафи рўй бояд кушода бошад, тарҳи рўй бояд равшан намоён бошад;
– барои шаҳрвандоне, ки доимо айнак мекунанд, суратгирӣ бо айнакҳои бе шишаҳои сиёҳ ҳатмӣ аст. Айнак бояд шишаҳои тоза ва шаффоф дошта бошад, то ки гавҳараки чашмон ва инабия дақиқ дида шаванд. Чанбараки айнак набояд чашмонро пўшад. Айнак набояд манбаи дурахши нур бошад;
– доғҳои равшан бояд набошанд. Ин нишонаҳо одатан ҳамон вақт пайдо мешаванд, ки барои равшанидиҳӣ як манбаи равонашудаи баландравшанидиҳанда истифода бурда мешавад. Истифода бурдани равшанидиҳии паст, якчанд манбаъҳои баробаршуда ё дигар усулҳои равшанидиҳӣ зарур аст; – бастани чашмон танҳо бо сабабҳои тиббӣ роҳ дода мешавад;
– дараҷаи танвир (экспозитсия) бояд фарқияти байни тадриҷи таркибӣ дар ҳар ҷои пўсти рўйро таъмин намояд;
– ранги инъикоси сабтшудаи рўй бояд аз бинӣ ба гўшҳо ва аз манаҳ ба фарқи сар баланд бошад. Амиқ будани баландин ранг ва нуқтаи ҷойгирии видеокамера бояд намоиши тарҳи рўйи объектро на кам аз ду миллиметр таъмин намояд;
– истифодаи равшанидиҳӣ бо ранги зард, сурх ва ғайра иҷозат дода намешавад. Равшанидиҳӣ набояд ранги табиии пўстро вайрон намояд. Таъсири “чашмони сурх” роҳ дода намешавад;
– таҳрир намудан, ислоҳи акси аслӣ бо мақсади беҳтар намудани намуди зоҳирии суратгиранда манъ аст. Дар акс тамоми тобишҳое, ки ба воқеият мутобиқанд, бояд пешниҳод карда шаванд;
– аксгиранда бояд дар акс танҳо, бе шахсони бегона ва чизҳои ғайр бошад (такяи курсӣ, бозичаҳо ва дигар шахсон дар манзара намоён набошанд);
– дисторсияи объектив роҳ дода намешавад.