22 октябри соли 2021 дар шакли маҷозӣ вохӯрии минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар мавзӯи “Сиёсати СБМ нисбат ба раванди баргардонидан, реадмиссия ва ҳамгироии такрории муҳоҷирон” ба таври фосилавӣ доир гардид.
Ҷаласаро Ҳамоҳангсози байниминтақавии СБМ (IOM) дар Осиёи Марказӣ Зейнал Гаджиев оғоз хонд ва дар суҳани ифтитоҳии худ дар бораи муҳимияти батанзим даровардани равандҳои муҳоҷират, махсусан баргардонидан, реадмиссия ва реинтегратcияи муҳоҷирон сухан ронд.
Мутахассиси калони минтақавӣ оид ба ҳимоя ва кӯмаки СБМ Хизер Коменда ҷаласаро давом дод ва дар навбати худ дар бораи тарзу усулҳо, принсипҳо ва ҳадафҳои стратегии фаъолияти СБМ дар ин самт презентатсия пешбарӣ намуд.
Мутахассиси калони СБМ Пьер Росси Лонги ба иштирокчиён дар бораи сиёсати нави Созмони байналмилалии муҳоҷират дар самти баргардонидан, реадмиссия ва реинтегратсия шарҳи васеъ дод.
Дар қисми хотимавии ҷаласа ба саволҳои иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ ҷавобҳои дақиқ дода шуд.