10 июни соли 2021 вохурии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон, генерал-лейтенант Бобожонов Пулат Раззакович, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Носирзода Анвар, Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, полковники милитсия Ҳафиззода Шоди, Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир иштирок кардаанд.
Ҳангоми воҳӯрӣ ҷонибҳо дар самтҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба мубодилаи афғор намудаанд.
Зикр гардид, ки мо бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, масъалаҳои содда гардидани талаботи ворид шудан, будубош, ҳаракат ва баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд.
Дар доираи ташриф, бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи рафту омади мутақобила аз 2018 сол ба имзо расонида шуд.
Ҳамкории судманд байни ду вазорат дар самтҳои афзалиятнок рушд ва идома доранд.