23 Ноябр, 2024

Фаъолият дар самти назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ

Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, дар самти равобити хориҷӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҳамчунин, дар кишвари мо шаҳрвандони хориҷӣ аз давлатҳои гуногун ташриф оварда, саёҳат, кор ва фаъолият менамоянд. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва сандҳое, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф менамяод, равуои хориҷиён бояд тибқи муқаррароти муайянгардида ба роҳ монда шавад. Назорат ва ба танзимдарории ин фаъолиятро бошад, шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ба зимма дорад, ки сардории онро полковники милитсия Садриддин Аслов роҳбарӣ менамояд.

Шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти худро пурра мутобиқи фармону супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Низомномаи ХШБ, нақшаи кории хадамот ва шуъба, инчунин протоколҳои машваратҳои фаврӣ ба роҳ монда, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқи кори худ қарор додааст.

Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД хонаҳои истқоматӣ, хобгоҳҳо, корхонаҳо ва нуқтаҳои савдо мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Барои гузаронидани чорабиниҳо гурӯҳҳои муштарак таъсис дода мешаванд.

Гурӯҳҳои муштарак аз намояндагони раёсатҳои вазорати корҳои дохилӣ иборатанд.

Мақсади таъсиси гурӯҳҳои мазкур – ин пешгирӣ ва ба тартиб даровардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе ва бақайд гирифтани шаҳрвандоне, ки аз чузъу томҳои чумҳурӣ барои истиқомати муваққатӣ ба пойтаҳт омадаанд.

Аз тарафи кормандони шуъба ширкатҳо, иншоотҳои сохтмонӣ, нуқтаҳои савдо, тарабхонаҳо, корхонаҳои таъмири нақлиёт ва макони зисте, ки дар онҳо шањрвандони хориҷӣ  фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки самти асосии фаъолияти ҳайати шахсии шуъбаро беҳтар намудани вазъи корҳои профилактикӣ ва баланд бардоштани нишондодҳои самти фаъолият, ошкору пешгирии қонуншиканї ва инчунин дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои профилактикӣ ва муайян намудани шахсияти шаҳрвандони хориҷӣ дар корхона, иншоот ва хонаҳои истиқоматии онҳо талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1544 аз 05-06-2020 ба инобат гирифта мешавад.

Дар Фармони Президент зикр шудаст, ки то ба эътидол омадани вазъи эпидемилогӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда намешавад.

Фаъолият дар ин самт идома дорад.