Шуъбаи корҳои раводидиву бақайдгирии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД дар қатори дигар бахшҳои ин ниҳод, фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳайати шахсии шуъба вазифаҳои хизматӣ ва дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва ХШБ ирсол мегардад, сари вақт ва дар сатҳи лозимӣ иҷро менамоянд.
Муовини сардори ин шуъба подполковники милитсия Рашидзода Шавкат Раҳмоналӣ қайд кард, ки, имрӯз бо дастгирии пайвастаи Вазири корњои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, кормандони шуъба бо ҳуҷраҳои васеъву барҳавои корӣ, таҷҳизоту лавозимоти муосири хизматбарӣ таъмин буда, барои тамоми шароити фароњамгардида арзи сипоси худро ба роњбарият баён менамоянд.
Кормандони шуъба вазифаҳои хизматии худ, яъне қабули аризаҳо оид ба гирифтани шиносномаи хориҷӣ-биометрии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ, донишҷӯёне, ки барои таҳсил намудан ба ҷумҳурӣ ташриф меоранд, баррасии мактубу дархостҳои воридгардида, ки бевосита ба самти фаъолият алоқаманд аст, инчунин дигар самтҳои хизматиро сарбаландона ба ҷо оварда истодаанд.
Шавкат Рашидзода мегӯяд, ки дуруст ба роҳ мондани ҳама самтҳои фаъолият муҳимму зарурӣ мебошад, зеро ҳар як корманд бевосита бо шаҳрвандон, инчунин бо сайёҳону шаҳрвандони хориҷӣ ҳамсуҳбат мегардаду ҳуҷҷатгузорӣ менамояд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти шуъбаро, бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, додани рухсатнома ба минтақаҳои наздисарҳадӣ, тамдид намудани варақаҳои бақайдгирӣ дар бар мегирад, ки кормандон ин масъулиятро дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дуруст ба роҳ мондаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 2 январи сооли 2018 қабул карда шудааст ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шањрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Мебояд мутобиқи ин санадҳои қабулгардида, ташкилотҳо ва шахсони қабулкунанда, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардаанд, инчунин шахсоне, ки дар манзили онњо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд истиқомат мекунанд, уҳдадоранд онҳоро дар муддати 10 рӯзи корӣ аз рӯзи омадани онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ё маќомоти корҳои хориҷии маҳалли зист ба қайд гиранд. Агар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, инчунин шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, шахсони масъул шаҳрвандони хориҷии даъватнамудаашонро сари вақт ба қайд бигиранд. Аммо, дар баробари ҳама ин имтиёзҳову дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ёфт мешаванд нафароне, ки бо саҳлангориву беаҳаммиятии худ талаботи қонунгузориро вайрон менамоянд.
Корманди милитсия новобаста аз он ки дар кадом самт хизмат мебарад, ҳамеша посдори қонун, муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ ва кафили хотирҷамъии мардум мебошад. Имрӯз кормандони Шуъбаи корҳои раводидиву баќайдгирӣ дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҳамчунин дар ошкору пешгирии қонуншиканӣ, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми назаррас доранд.
Имрӯз ҳар як корманди бахши раводидиву бақайдгирии ХШБ баҳри пешрафти Ватани азизамон, волоияти қонун ва осоиштагии шаҳрвандон тамоми нерӯву малакаи касбии худро равона намуда, кӯшиш менамоянд сазовори боварии роҳбарияти ВКД ва ХШБ гарданд.