Рӯзи 27 августи соли 2020 мутобиқи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва “Нақша-чорабинии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафарбар ва вобаста намудани сардорон ва муовинони сардорони Раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар” аз 15 феврали соли 2020 бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ҳузури муовини Ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилӣ Худойбердиева Ҷамила Чоршанбиевна ва сардори шуъбаи тарбияи ДДСТДТ Эҳсонов Муҳаммадшариф сардори шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Раҷабзода Б.Ш. ва нозири калони ҳамин шуъба, подполковники милитсия Назарзода Ш.А. дар вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок карда, дар мавзӯи “Вазъи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон”маъруза намуд.
Раҷабзода баромад карда гуфт:
Чи тавре, ки ба ҳамаи Шумо аз ахбороти расонаҳои хабарӣ маълум аст, новобаста аз чорабинињои алоҳида ва муштараки аксарияти кишварҳои ҷаҳон паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) то ҳол авҷ гирифта истодааст. Дар қариб ҳамаи давлатҳои дунё мавҷи навбатӣ ва хуруҷи дуюмбораи ин беморӣ ба назар мерасад. Масалан то ба имрўз (дар ҳолати 25.08.2020) дар саросари ҷаҳон 23 811 687 (+73428) нафар гирифтори “Коронавирус” ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16 360 527 (+139777) нафар шифо ёфта, 817 005 (+2 221) нафар фавтидаанд.
Вобаста ба вазъияти ба амаломада аз рӯзи аввал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар ҷиҳати пешгирии паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус чораҳои таъхирнопазир роҳандозӣ ва амалӣ карда шуда истодааст.
Аз ҷумла, доир ба пешгирии ин бемории фоҷиаовар бо роҳбарии Савазири кишвар, муҳтарам Қоҳир Расулзода “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд.
Бо мақсади дуруст ва самаранок ба роҳ мондани кори ситоди мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия ва ба тавсиб расонида шуда, бањҳи таъмини иҷро ба ҳамаи вазорату идораҳо ирсол карда шуд.
Бо мақсади аз ҷониби сокинони ҷумњурӣ дар давраи пандемияи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, аз ҷумла, тозаю озода нигоҳ доштани ҷойи зист, кӯчаю маҳалла, корхонаву коргоҳҳо, ҷойҳои ҷамъиятию серодам ҳамарӯза ба ҳисоби миёна аз ҷониби 700 нафар кормандони милитсия дар ҳамбастагӣ бо 500 нафар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби 550 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва 400 нафар кормандони ғайриштатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ раванди аз тарафи масъулини ҷйҳои ҷамъиятӣ ҳолати воқеъии риоя гардидани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва гигиенӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, нисбати 2584 нафар барои вайрон кардани талаботи моддаи 112 (Риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ), нисбати 9 нафар барои вайрон намудани талаботи моддаи 113 (Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия), нисбати 19 нафар барои вайрон кардани талаботи моддаи 114 (Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ҳангоми истифодаи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, иморат ва иншоот), нисбати 41 нафар барои вайрон кардани талаботи моддаи 115 (Риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар нақлиёт) ва нисбати 93 нафар барои вайрон кардани талаботи моддаи 117 (Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умум) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Бо мақсади пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемориҳои сироятӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 июли соли 2020, №1698 дар моддаҳои 112 ва 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ҷарима муқаррар карда шудааст.
Дар асоси муқаррароти моддаи 113 Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошад, барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан, низ чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.
Таъмини риоя ва иҷро талаботи моддаҳои мазкур ба зиммаи мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла, ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузор карда шудааст, ки ҳангоми риоя нагардидани талаботи моддаҳои мазкур масъулон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини риояи он чораҳои дахлдори қонунгузории амалкунанда муқаррар намударо татбиқ менамоняд, аз ҷумла, ҷарима ба андозаи аз 116 то 290 сомонӣ ситонида мешавад.
Оид ба масъалаи дуюм подполковники милитсия Назарзода Ш.А. қайд намуд, ки боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварию миллатдӯстӣ, аз масъалаи басо муҳим дар назди роҳбарияти ҳукумат ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, аз шахсони масъул тақозо менамояд, ки ба рафтору муносибат, одобу ахлоқ ва амалу кирдоре, ки аз онҳо бармеояд, диққати махсус дода шавад.
Назарзода Ш.А. дар бораи вазъи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон қайд намуда, гуфт:
Новобаста аз чораҳои андешидашудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон то ба имрӯз масъалаи мазкур нигароникунанда ва ташвишовар боќӣ мондааст.
Дар 7-моҳи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 448 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли (2019-425) 23 ҳолат ё 5,4% зиёд мебошад.
Дар 448 ҳолати ҷиноят 439-нафар ноболиғон иштирок намудаанд, ки аз инҳо:
– духтарон 23- нафар;
– писарон 416-нафар;
Дар гурӯҳ 61-нафар ноболиғон иштирок намудаанд, ки аз инҳо:
– 55 нафар дар якҷоягӣ бо калонсолон;
– 29 нафар дар гурӯҳи ноболиғон ҷиноят содир намудаанд.
Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд:
– 164 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
– 2 нафар мактаби миёнаи махсус;
– 271 нафарашон ноболиғоне ташкил медиҳад, ки ба кор ва хондан машғул нестанд.
Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ноболиғон
– Одамкушӣ – 4 ҳолат (2019-1)
– Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ –1 ҳолат -(2019-6)
– Таҷовуз ба номус 1 ҳолат (2019-2)
– Ҳаракатҳои зуроварӣ дорои хусусияи шаҳвонӣ 1 – ҳолат (2019-2)
– Тайёр ва истифода бурдани моддаҳои нашъаовар 2 – ҳолат (2019-1)
– Дуздӣ 299 ҳолат (2019-305);
– Қаллобӣ -25 ҳолат (2019-7);
– Ғоратгарӣ 16 ҳолат (2019-8);
– Роҳзанӣ 2 ҳолат (2019-0);
– Авбошӣ 43 ҳолат (2019-37);
– дигар ҷиноятҳо 54 ҳолат (2019-56);
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар давраи сипаришуда дар ҷумњурӣ аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо ҳамагӣ бошад, 2982 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли (2019-3169) -187 ҳолат ё -6,2% кам ба кайд гирифта шудааст.
Дар 2982 ҳолати ҷиноят 2835 нафар ҷавонон иштирок намудаанд, ки аз инҳо;
– 304–нафар (267 ҷавонписарон, 37 ҷавондухтарон) дар гурӯҳ;
– 2419–нафар (2228-ҷавонписарон, 191-ҷавондухтарон) ҷавонони бекор ҷиноят содир намудаанд.
– 47–нафар (45-ҷавонписарон 2-занон ) пеш доғи судӣ дошта ҷиноят содир намудаанд:
– 11–нафар (11 ҷавонписарон) дар ҳолати мастӣ ҷиноят содир намудаанд.
Аз шумораи умумии 273407 донишҷӯёне, ки дар муасиссаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, дар давраи сипаришуда 32 (31-мард 1-зан) ҳолат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2019 – 22 (18-мард зан-4), 10 ҳодиса ё +45,4% зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Сабабу омилҳои асосии баландшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзан шаҳру ноҳияҳо дар байни ноболиғону ҷавонон пеш аз ҳама ин:
– нокифоя будани таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои таълимӣ;
– ба меҳнат ва дигар корҳои фойданоки ҷамъиятӣ фаро нагирифтани ноболиғон баъди хатми синфи 9 дар дигар муассисаҳои касбӣ-техникӣ;
– дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар ва вогузор намудани тарбияи ноболиғон ба хешовандон;
– тарзи нодуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои техникаи муосир дар ҳаёти ноболиғон ва ҷавонон;
– зиёд гардидани марказҳои букмекерӣ, компютерӣ ва кафе-интернетҳо наздик ба биноҳои муассисаҳои таълимӣ;
– таъсири оилаҳои носолим дар тарбия ноболиғон ва ҷавонон;
– бетарафӣ зоҳир намудани падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанада, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас.
Ин ҳолат аз мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои фаромиллии экстремистю терроористӣ тақозо менамояд.
Дар охир, муовини ректор оид ба тарбия ва равобити байналмилалӣ қайд кардаанд, ки мо бояд ҳамеша сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро дастгирӣ ва пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шаддидан маҳкум намоем ва барои ҳифзи Ватан доимо кӯшиш карда, сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.