Гурӯҳи корӣ оид ба такмили манбаи ҳуқуқӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти хизматии ХШБ коркарди лоиҳаҳои қонун, қарор, дастуруламал, ёддошт, шарҳ, талабот ва ғайра идома дода истодааст.
Аллакай дар нимсолаи якуми соли 2020 Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумњурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии зеринро таҳия намуд, ки баъзеи онҳо ба тасвиб расонида шуданд:
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Љумњурии Тољикистон аз 14.02 соли 2020 таҳти №103 ба имзо расонида шуд;
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумњурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 31.03 соли 2020 таҳти №207 ба имзо расонида шуд;
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Вазорати корҳои хориҷӣ дар таҳрири нав такмил дода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020 таҳти №294 тасдиқ карда шуд.
- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;
- Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Дастурамал доир ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия карда шуда, санаи 11 феврали соли 2020 таҳти № 66 б/з ба имзо расонида шуд (дастурамали мазкур ба теъдоди 200 китобча ба чоп расонида шуда, ба воҳидҳои поёнии ХШБ дастрас карда шуд);
- Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби баррасии масъалаи муайян намудани мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад» таҳия карда шуда, аз санаи 13.02 соли 2020, №81 б/з, аз 14.02 соли 2020, №086, аз 13.02 соли 2020, №7 ба имзо расонида шудааст;
– бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ва таъмини шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, бо ташаббуси ХШБ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва таҳти рақамҳои №1699 ва №1700 аз 4 июли соли 2020 ба имзо расонида шуданд. Дар лоиҳа ба моддаҳои 497, 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуда, санксияҳои он нисбати шаҳрвандони хориҷӣ сабук карда шудааст, аз ҷумла дар санксияи қисми 1 моддаи 497 ва санксияи қисмҳои 1, 3 моддаи 499 калимаи “огоҳӣ” ворид карда шуда, калимаҳои “ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” хориҷ карда шудааст. Ба моддаҳои 93, 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуда, ваколатҳои суд ба зиммаи ВКД вогузор карда шудааст.
– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №294» таҳия карда шуда, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.