Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони ҳориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” оғоз шуд.
Амали Қонун нисбати шахсони зерин татбиқ мегардад:
– шахсони бешаҳрванди дорои гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда, ки муҳлати эътибори он ба анҷом расидааст, шахсони бешаҳрванде, ки гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашударо гум кардаанд ё аз онҳо гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда гирифта шудааст;
– шахсоне, ки дорои шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ мебошанд ё шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро гум кардаанд ва шаҳрванди давлати хориҷӣ намебошанд, инчунин онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
– шахсони дорои шаҳодатномаи таваллуд, ки он аз ҷониби давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта дода шудааст ё шахсони шаҳодатномаи таваллудро гумкарда, ки шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
– шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, шаҳодатномаи таваллуд) нагирифтаанд ва онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
– шаҳрвандони хориҷие, ки онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубият ба давлати хориҷиро надоранд, муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидааст ё ҳуҷҷатҳояшон беэътибор мебошанд;
– шаҳрвандони хориҷие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи эътиборноки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ додашуда қарор доранд, вале онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас кунанд, шиносномаҳои хориҷиашонро ба қайд гузоранд ва ҳуҷҷатҳояшонро барои истиқомати доимӣ мондан супоранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, барои қонунигардонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ барои бақайдгирӣ бо ариза муроҷиат менамоянд. Пас аз қабули ариза ба шахсони муроҷиатнамуда дар бораи тасдиқи бақайдгирии онҳо маълумотнома дода мешавад.
Тибқи моддаи 1 Қонуни мазкур ин категорияи шахсон аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ озод мешаванд.
Бо мақсади иттиллотонидани аҳолӣ дар бораи икдоми башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар вилояти Суғд, кормандони воҳиди Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳяиҳои вилоят ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кабули шаҳрвандон шуруъ кардаанд.
Аллакай ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен, Истаравшан ва Шаҳристон бо ҷамъоварии маълумот ва бақайдгирии муроҷиаткунандагон фаро гирифта шуд.
Мардуми вилоят аз ин икдоми неки Роҳбари давлат миннатдор шуда, бо ариза ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгири вилоят муроҷиат карда истодаанд.
Раванди татбиқи Қонун идома дорад.