23 Ноябр, 2024

Муҳоқимаи лоиҳаҳои Созишномаҳои дуҷониба

7 феврали соли 2020 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазири ин ниҳод ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаҳои Созишномаҳои дуҷониба байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои марбута иштирок доштаанд.

Дар ҷаласа зарурати баимзорасонии лоиҳаҳои Созишномаи байни Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он, Созишномаи байни Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот дар соҳаи муҳоҷират ва Шартнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти  нафақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти маҷлис иштирокчиён фиқру андешаҳои худро баён намуда ба мувофиқа расидаанд, ки хулосаи ниҳоӣ оид ба Созишномаҳои номбурда дар мӯҳлати кӯтоҳтарин пешниҳод мекунанд.

Хотиррасон карда мешавад, ки аз аввал Созишнома дар бораи реадмиссия бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шартнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа бояд баимзо расонида мешуд.