
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида мешавад, ки ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020, №103 тағйир дароварда шуда, муҳлати бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2022 тамдид карда шуд.
Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо реҷаи кории рӯзҳои душанбе-шанбе аз соати 8-00 то 20-00 фаъолият намуда истода, ба қабули шаҳрвандон барои гирифтани шиноснома омода мебошанд.
Роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон