Санаи 7 феврали соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва огоҳонидани кормандон дар бораи таҳдидҳои коррупсионӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси хизматӣ дар мавзуъи “Омилҳои сабабу шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои харкатери коррупсионидошта” баргузор гардид.
Бо маърӯза муовини Сардори Раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон майори адлия Муқимӣ Нигора Аминзода баромад намудаанд.
Пешгирии коррупсия вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд ва мақомоти Чумҳурии Тоҷикистон мебошад, чунки ин падидаи номатлуб бо оқибатҳои ҷиддӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мардуми меҳнатдӯсти тоҷикро дучор мегардонад.
Кобили ќайд мебошад, ки вазъи умумии хушёриву зиракии сиёси, интизоми хизмати ва риояи конуният дар байни хайати шахсии ХШБ ВКД Чумхурии Точикистон, раванди корхои тарбияви, ахлоки, фарханги ва омодагии маънавию хукуки хуб гаштааст. Инчунин аз тарафи рохбарият бо маќсади чихати дар амал бетаъхир ва боэътимод таъмин намудани талаботи Стратегияи мубориза бо коррупсия ва бо маќсади бехтар намудани вазъи интизоми хизмати ва ќонуният, пурзур намудани мубориза бар зидди чинояткорӣ дуруст ва пурра ба рох мондани фаъолияти хизматӣ дар байни хайати шахси мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешавад.