23 Ноябр, 2024

Дарси хизматӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

 

Санаи 31 январи соли 2020 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, таъмини иҷрои Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», таҳия ва пешкаш намудани маводҳои кормандон ба нашрия дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардабири ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”, полковники милитсия Ҳасан Шерализода бо кормандони ХШБ ВКД баргузор гардид.

Зимни баромади худ Ҳасан Шерализода аз фаъолияти ҳафтанома, омодасозии сањифаҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории маводҳо, таҳрири маводҳои воридгардида ва дигар самтҳои фаъолияти кормандони ҳафтанома суханронӣ намуд.

Мавсуф қайд кард, ки дар баробари инъикоси хабару рӯйдодҳои дохиливу хориҷӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, инчунин дар ҳама шумораҳои ҳафтанома аз ҳаёту фаъолият ва осори бою гаронарзиши шахсиятҳои шинохтаи тоҷик ва ҷаҳон пайваста маводҳои ҷолиб интишор мегардад.

Инчунин, дар ҳафтанома саҳифаҳо таҳти рубрикаи «Чеҳраҳои намоёни таърих» ва «Фароғат» таъсис дода шудааст, ки дар онҳо аз қаҳрамониву шуҷоати чеҳраҳои таърихӣ ва саҳми онҳо дар рушди илму техника маводҳои хонданибоб чоп мешаванд.