5 феврали соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки намояндагони сохторҳои марбута оид ба татбиқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳоҷират ва Намоянадгии Комиссариати Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Дар маҷлис лоиҳаи Дастурамал доир ба амалӣ намудани Қонуни мазкур баррасӣ шуд.
Инчунин, бо мақсади ташкили иттилоотонидани васеъи аҳолӣ дар бораи икдоми башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муайян, хуҷҷатнигорӣ ва додани мақоми ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тулонӣ бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият будубош доранд нақшаи ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Васоити аҳбори омма, ҷамоатҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналлмилалӣ муҳоқима шуд.
Дар ояндаи наздик Нақшаи чорабиниҳо оид ба дар амал татбиқ намудани Дастурамал коркард мешавад ва бо мақсади муайян кардани шахсоне, ки таҳти таҳдиди бешаҳрвандӣ қарор доранд ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ гурӯҳҳои сайёрӣ равона карда мешаванд.