23 Ноябр, 2024

Дарси хизматӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

Санаи 17 январи соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси хизматӣ  дар мавзуъи “Моҳият ва аҳамияти Паёми Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019” баргузор гардид.

Дар Паём Сарвари давлат таъқид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ  барои мардуми Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таъриҳи буд.

Сарвари давлат қайд карда гузаштанд, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Дар Паём  суҳан аз дастовардҳои  иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мустаҳқам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рафта, иброз гардид, ки дар асоси пешрафти иқтисодии кишвар сатҳи зиндагии мардум боз ҳам баланд рафта, давлату Хукумати Тоҷикистон барои рушд ва пешравии оянда тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.

Дар охир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон таъқид намудаанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.