Дар ҷумҳурӣ тибқи нақша аз 15 ноябри соли ҷорӣ чорабиниҳо оид ба риояи низоми шиносномавӣ гузаронида шудаистодаанд.
Барои гузаронидани чорабиниҳо гурӯҳҳои муштарак аз ҳисоби кормандони бахшҳои гуногуни раёсатҳои вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шудаанд.
Мақсади таъсиси гурӯҳҳои мазкур – ин пешгирӣ ва ба тартиб даровардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ба қайд гирифтани шаҳрвандоне, ки аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ барои истиқомати муваққатӣ ба пойтахт омадаанд.
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД хонаҳои истқоматӣ, хобгоҳҳо, корхонаҳо ва нуқтаҳои савдоро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Дар давраи аз 15 ноябр то 15 декабр ҳамагӣ 2567 хонаҳои истиқоматӣ ва 11 392 нафар шаҳрвандон мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбати он нафароне, ки талаботҳои будубошро вайрон кардаанд чораҳои таъсирасони қонунӣ андешида шуданд.