Санаи 4 декабри соли 2019 дар шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани кӯмаки техникӣ, дар намуди компютер, принтер, сканер, нусхабардор ва дигар дастгоҳҳо ва асбобҳо аз ҷониби Роҳбари дафтари КОСММОГ (УВКБ ООН) Ҷаҳонгир Дуранӣ баргуор гардид.
Ҳангоми воҳӯрии Ҷаҳонгир Дуранӣ бо муовини Сардори ХШБ ВКД, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ва Сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон, подполковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои кам кардани бешаҳрвандӣ, додани мақоми гуреза, кор бо шахсони паноҳҷӯянда, омодагӣ ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи муҳоҷирон мавриди баррасӣ ва муҳоқима қарор гирифт.
Ҷонибҳо дар бораи рушд ва пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ба мувофиқат расидаанд.