23 Ноябр, 2024

Сафари хизматӣ ба вилояти Суғд: Камбудиҳо бартараф карда мешаванд

  Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2019 Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом дод.
  Номбурда ба сохторҳои зертобеъи ХШБ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, ШВКД дар шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан ташриф оварда аз кору фаъолияти кормандони аз наздик шинос шуд.
  Дар сохторҳои номбурда фаъолият дар самтҳои ба қайд гирифтани иҷоранишинон, будубоши муваққатӣ, раванди ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаҳои хориҷӣ, кабули дурусти шаҳрвандон ва ташкили кор дар тамоми самтҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

  Инчунин, дар рафти сафари хизматӣ фаъолияти сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД дар самти ташкили ҷустуҷӯи шахсоне, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, қарздорони давлатӣ ва шахсоне, ки бо хешовандон робитаҳоро гум кардаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
  Сардори ХШБ супориш дод, ки микдори чунин шахсон коҳиш дода шавад ва кор дар ин самт пурзур карда шавад.

  Вобаста ба он камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид ҷиҳати бартарафнамоии он аз ҷониби Сардори ХШБ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Номбурда таъкид намуд, ки назорат аз болои рафтуомади шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо пурзур карда шавад.

  Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки фаъолият дар ин самтҳо такмили ҷиддӣ ва таҷдиди тарзи фаъолиятро талаб мекунад.
  Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастуру супориши мушаххас дода шуд.
  Инчунин дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ вохӯрӣ ва мулоқотҳои судманд бо аҳолӣ гузаронида шуд.